Маҳфили “Ҷаҳони андеша” дар АИ ҶТ
Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” дар мавзӯи “Равандҳои муосири илми физика ва мавқеи олимони тоҷик” баргузор гардид. “Имрӯз пешрафти тамоми соҳаҳои мухталифро технологияи навтарин, нанотехнология, электроникаи тиббиву ҳарбӣ, сатҳи истеҳсоли босуръат ва босифати масолеҳи нанотехнологӣ таъмин менамояд”,- иброз дошт директори Институти физика ва техникаи ба номи Султон Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физикаву математика профессор Ҳикмат Муминов. Ҳикмат Муминов дастовардҳои муҳими физикии асрҳои гузашта, равандҳои навини илми физикиро пешгӯӣ намуда, саҳми олимони ватаниро дар пешрафти илм ва техника назаррас арзёбӣ намуд. “Инчунин самтҳои физикие, ки метавонанд дар оянда рушд намоянд ва ба пешрафти илм ва истеҳсолоти ватанӣ такон бахшанд, дар маҳфили мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”,-илова намуд Ҳ.Муминов. Маркази байналмилалии омӯзиши нурҳои кайҳонии “Помир — Чақалтой”, ки дар он ҷо омӯзиши зарраҳои баландэнергия ба роҳ монда шудааст, метавонад ба пешрафти яке аз самтҳои афзалиятноки физика — назарияи ягонаи майдон мусоидат намояд, зеро ин ҷойгоҳе, ки дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби ВМКБ ҷойгир аст, аз ҳисоби баландии маҳал ва тозагии атмосфера дар дунё ҳамто надорад,- иброз намуд Ҳикмат Муминов дар анҷоми маҳфил. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” хабарнигори хадамоти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин хабар дод.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






