«Маърифати хонавода ва тарбияи фарзанд»-конфронс бахшида ба Соли оила
Суғд, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Бо ташаббуси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Раёсати маорифи вилояти Суғд дар гимназияи рақами 2-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Маърифати хонавода ва тарбияи фарзанд» бахшида ба Соли оила баргузор гардид.
Академик Маҳмадулло Лутфуллоев, мушовири президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳикмати сутунҳои хонавода», академик Қодир Қодиров, мудири шуъбаи масъалаҳои сиёсати таҳсилоти Академияи таҳсилот дар мавзӯи «Мулоҳизае чанд перомуни вожаҳои «оила», «хонавода»», Султонмурод Туронов, мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ дар мавзӯи «Хонавода ва тарбияи ватандорию ифтихори миллӣ» маърӯзаи илмӣ намуданд. Ҳамчунин як гурӯҳ олимони варзида аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар мавзӯи фарҳанги оиладорӣ маърӯзаҳо намуданд.
Дар ҷамъбаст муаллифи китоби «Алифбо» Маҳмадулло Лутфуллоев зикр кард, ки эълон шудани Соли оила аз ҳар як фарди бонангу ори кишвар тақозо дорад, ки оилаи худ ва хонаводаи худро эҳтиёт намояд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






