Мизи мудаввар «Сарфарозӣ аз дуои модар аст»
Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Сарфарозӣ аз дуои модар аст» бо иштироки бонувони фаъоли ҷумҳурӣ дар робита ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси кумита Зулфия Давлатзода оид ба зарурат ва аҳамияти қабули қонуни мазкур зикр намуд, ки нақши Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ мақому манзалати воло дошта, ҳамчун ифодасозандаи давлати миллии тоҷикон, машъалафрӯзи роҳи саодат ва нишоту хуррамӣ таҷассум ёфтааст. Арҷгузорӣ ва меҳру садоқати занону модарон ба Президенти кишвар беинтиҳо буда, дар симои фарзанди содиқу вафодор ғамхору ятимпарвар ва пуштибону ҳомиро мебинанд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар қабули ин қонунро саривақтӣ ва орзуи доимии мардуми сарбаланди тоҷик номида, аз нақши Сарвари давлат барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкорона мисолҳо овард.
Дар идома иштирокдорон Адолат Раҳмонова, Бозгул Додхудоева, Рафиқа Мусоева ва модари 81-сола Саодат Мансурова нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии пурнишоти мардуми шарифи тоҷик таъкид намуда, аз воқеоти таърихии роҳи паймудаи Сарвари беназири мо дар эъмори давлати миллии тоҷикон нақл карданд.
Муовини раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам муҳаббат, самимият ва бовару садоқати занону модарони тоҷикро нисбат ба Ҷаноби олӣ иброз намуда, аз ашъори тозаэҷодаш шеърҳо қироат намуд ва қабули ин қонунро дар шароити кунунӣ як амри воқеӣ ва зарурати таърихӣ ҳисобид.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






