Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо фаъолони ноҳияи Дарвоз
Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҳамчунин муовинони раиси ноҳияи Дарвоз, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ноҳия иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода салому дуруди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли ҷомеаи Дарвоз расонида, оид ба нақшу ҷойгоҳи раҳбари накуноми Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон ва қабули Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» сухан гуфт, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Дарвоз аз ин иқдоми Парлумони кишвар пуштибонӣ ва изҳори хушнудӣ намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ доир ба расонидани кумак ба зарардидагони заминларза аз ҷониби Президенти кишвар, дастгирию якдилии мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рӯзҳои офати табиӣ ба аҳолии минтақаҳои осебдидаи ВМКБ ҳарф зад.
Зикр гардид, ки танҳо дар ҳамбастагию ваҳдату ягонагӣ ҳама гуна офату зарарҳоро метавон бартараф кард.
Ҳамчунин оид ба тинҷию осудагӣ ва сулҳу суботи комил дар ҷомеа, ободкориҳо ва бунёди иншооти бузурги иқтисодиву инфрасохторӣ ёдовар шуда, вазир таъкид намуд, ки ин ҳама дастовардҳо бо шарофати он аст, ки мардум дар гирди Сарвари давлат ҷамъ омадаву якдилона дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд.
Дар ҷараёни мулоқот вазири корҳои дохилӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро, иштирок дар ҳайати Давлати ба ном исломӣ ва задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Сурияву Ироқ изҳори нигаронӣ намуд.
Зикр гардид, ки Дарвоз ноҳияи наздисарҳадӣ буда, бояд мардум ҳушёрию зиракиро аз даст надода, бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша ҳамкорӣ намоянд. Пешрафти ҷомеа дар тинҷию амонӣ мебошад, — зикр кард дар хотимаи суҳбат вазири корҳои дохилӣ.








Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд






