Нуқтаи фаврӣ-мубориза бар зидди хушунати миллӣ
Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Акнун шаҳрвандоне, ки ба хушунати миллӣ рўбарў мешаванд, имкон пайдо карданд ба нуқтаи фаврии Агентии федералӣ оид ба корҳои миллии Русия (АФОМ) ба воситаи почтаи электронии monitoring@fadn.gov.ru. муроҷиат намоянд.
Тавре ки дар сомонаи «Русия барои ҳама» иттилоъ дода шудааст, нуқтаи фаврӣ дар агентӣ бо мақсади пешгирӣ намудани мухолифати байни миллатҳо аз моҳи апрели соли равон таъсис шудааст.
Дастрасии бевоситаи иттилоот аз худи шахрвандон имконият медиҳад, ки пурсиш байни аҳолӣ ҷоннок гардида, боиси пурзўр намудани мубориза дар масоили сиёсати миллӣ дар минтақахои гуногуни Русия гардад.
«Таъсиси нуқтаи фаврӣ имкони медиҳад мушкилиҳои миллӣ, нигоҳ доштани арзишҳои оилавӣ, ҷалб намудани шаҳрвандон, қавмиятҳои миллию диниро аз байн барад» — иттилоъ дод роҳбари АФОМ Андрей Меженко.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






