Ғолибони «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдакон» муайян гардиданд
Душанбе, 5.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Шукронаи Муҳаммадзода аз шаҳри Ваҳдат ва Диловар Шарифов аз шаҳри Душанбе ҷойи аввалро дар озмуни расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдакон» ишғол намуданд. Мақоми дуюм ба Бахтовари Далер аз ноҳияи Рашт ва Тоҷиддин Ғафуров аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва ҷойи сеюм ба Хушнуд Алибахшов аз вилояти Бадахшон ва Абдуллоев Мӯъминҷон аз ноҳияи Конибодом муяссар гардид. Ҳамзамон расми кашидаи 26 наврасе, ки дар кашидани расм пешсаф буданд, ба аъзои тадорукоти озмун писанд омад ва ба онҳо низ туҳфаҳои хотирмон супорида шуданд.
Чорабинӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ бо мусоидати Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи «Вечёрка» гузаронида шуд. Озмун моҳи ноябри соли равон миёни мактаббачагони ҷумҳурӣ эълон гардид. Масъулони озмун гуфтанд, ки дар як муддати кӯтоҳ ба унвонии озмун 600 расм дар мавзӯи пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ирсол шуд.
Натиҷаи озмун нишон дод, ки кӯдакону наврасон аз риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ хуб огоҳанд. Аз ҷониби ташаббускорон таъкид гардид, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо дар байни кӯдакону наврасон дар пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ мусоидат мекунанд ва фаҳмишу дониши онҳоро зиёд мегардонанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






