Пешвои арзанда

Декабрь 18, 2015 05:41

Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Соҳибистиқлолии Тоҷикистон нишон аз ҳастии мардуме бо номи тоҷик ва ошно сохтани он  ба ҷаҳониён аст.
Тоҷикистон дар остонаи расидан ба Истиқлолияти миллӣ бо мушкилоти шадиди сиёсӣ рў ба рў гардид. Бар асари маърифати пасти сиёсиву ҳуқуқӣ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардида, хатари нобудшавии миллат ба вуҷуд омад. Шукрона, ки бо баргузор гардидани Иҷлосияи XVI тақдирсози Шўрои Олӣ ва ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон ва Раҳнамои миллат шудани эшон ин хатар аз миён бардошта шуд. Инак, тўли 24 сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар масири истиқлол қадамҳои устувор монда, дар ҷодаи таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву маънавӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд.
Мардуми тоҷик нишон дод, ки Ватани худро дўст медорад ва пайваста аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, ба таври самимонаву содиқона ҳамеша дар паҳлўи Роҳбари хирадманду хирадпешаи худ муттаҳид аст ва таъкиди Сарвари ваҳдатофари худро, ки «Ватан ва ин хоку оби муқаддасро дўст бояд дошт ва эҳтиёт намуд», сармашқи кори хеш қарор додааст.
Мардуми шарифи тоҷик хизматҳои фарзанди фарзонаи хеш, шахси оқилу доно, хирадманду сиёсатмадор, ҷаҳондидаву дилогоҳ Эмомалӣ Раҳмонро баҳри пойдорию таҳкими сулҳ, ваҳдату ягонагӣ, ободии роҳҳо, бунёди иншооти бузург, сабзу хуррамгардонии мулк нек арзёбӣ кардааст.
Маҳз бо раҳнамоии оқилонаву сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон суботу оромӣ, ҳимояи марзу бум, риояи тартиботи дохилӣ таъмин карда шуд.
Имрўз, хушбахтона, ҷавонони баору номуси тоҳик дар рўҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия ва таълим гирифта, ватани азизи хешро ҳимоя мекунанд, ки ин далели соҳибистиқлолии кишвар ва демокративу дунявӣ будани он аст.
Халқи тоҷик ва умуман шаҳрвандони гуногунмиллати Тоҷикистони азиз имрўз бо як ҳисси ифтихор, сарбаландиву дилпурӣ номи пуршарафи Пешвои миллатро ба фарзанди содиқи хеш, Қаҳрамони Тоҷикистон,  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон лоиқу сазовор медонад.
Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азиз итминон дорад, ки барои шукуфоии диёру сулҳу осоиштагии он ва зиндагии шоистаи халқи тоҷик дар такя  ба хиради азалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои баланди мурод хоҳад расид.

Мақсудов З.О. — декани факултети филологияи Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, номзади илмҳои педагогӣ.

Декабрь 18, 2015 05:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад