Суғд: 110 нафар кӯдакону наврасон баъди истироҳат ба ВМКБ баргаштанд

Декабрь 29, 2015 11:29

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар арафаи соли нави мелодӣ 110 нафар  кӯдакону наврасони  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар истироҳатгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и  ноҳияи Ҷаббор Расулов наздик ба панҷ моҳ таҳти ғамхориҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, идораву муассисаҳо ва аҳли ҷомеаи вилоят қарор доштанд, ба зодгоҳи худ- ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Дарвоз гусел карда шуданд.
Ҳини гусели кӯдакону наврасони ВМКБ роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Ғафурҷон Зоиров гуфт, ки дар асоси супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон давоми панҷ моҳ барои ин наврасон маҳфилҳои касбомӯзӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, сайру гашт ба мавзеъҳои таърихӣ, барномаҳои фарҳангӣ ташкил шуда, бо ҷалби омӯзгорони пуртаҷриба дарсҳои таълимӣ ба роҳ монда шуданд.
Хонандагон ва омӯзгорони онҳо, ки тӯли панҷ моҳ онҳоро дар ин истироҳатгоҳ ҳамроҳӣ доштанд, аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи раиси вилояти Суғд ва сокинони вилоят миннатдории хешро баён доштанд. Ба таъкиди омӯзгорони ВМКБ барои истироҳату фароғат ва ҳамзамон таълиму тарбияи кӯдакони аз 6 то 16- сола дар истироҳатгоҳ беҳтарин шароитҳо фароҳам оварда шуданд.
Бояд зикр кард, ки  моҳи июли соли ҷорӣ бинобар сабаби сар задани офати табиӣ ва омадани сел ба як зумра  минтақаҳои вилояти Бадахшон хисороти зиёд расонида шуда, теъдоде аз шаҳрвандон бесарпаноҳ монданд. Сокинони бар асари офат зарардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа дастгирӣ ёфта, бо супориши Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон кӯдакону наврасони бадахшонӣ дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и  ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҷойгир ва ба ғамхорӣ фаро гирифта шуданд ва давоми панҷ моҳ,  то бунёди манзили зисти оилаҳояшон дар ҳамин истироҳатгоҳ қарор доштанд. Дар ин муддат аз ҷониби роҳбарияти вилоят тамоми тадбирҳо андешида шуд ва кӯдакону наврасон ба истироҳату таълим фаро гирифта шуданд.
Моҳи сентябри соли равон дар остонаи соли нави хониш шахсан раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба истироҳатгоҳи мазкур ташриф оварда, бо хонандагон суҳбати гарму самимӣ орост ва ба онҳо туҳфаҳо, аз ҷумла ду намуди либоси ягонаи мактабӣ, пойафзолу либосҳои тобистонаву зимистона, ҷузвдон, китобҳои дарсӣ ва дигар ашёи хониш тақдим намуд.  Шуруъ аз 1-уми сентябр хонандагони бадахшонӣ дар қатори ҳазорон хонандаи дигар соли нави таҳсили хешро маҳз дар ҳамин истироҳатгоҳ оғоз намуданд ва баҳри онҳо дар истироҳатгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи фанниву машғулиятгузаронӣ ва компутериву касбомузӣ ташкил шуда, устодони пуртаҷриба ҷалб гардидаанд.
Роҳбари дастгоҳи раиси вилоят баробари ибрози суханҳои гарму самимӣ ба ҳамаи наврасон туҳфаҳои солинавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим намуд.
Сипас наврасону кӯдакони ВМКБ бо муҳаббату самимияти хосса бо ҳамсолони суғдии худ хайрухуш намуда, ба сӯи зодгоҳи худ раҳсипор гардиданд.

Декабрь 29, 2015 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 табибони тоҷик беш аз 203 ҳазор амалиёти ҷарроҳии беморхонавӣ гузарониданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони стансияи замонавии зиддижола вусъат меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон 113 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд
ОГОҲӢ. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 баргузор гардид
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 доир мегардад
ОГОҲӢ. Аз 27 то 29 январ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи воҳидҳои корӣ дар вазифаҳои хизмати давлатӣ 440 адад зиёд гардид
Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд