Тақдими туҳфаҳои идона ба Хонаи кӯдакони № 1-и пойтахт

Декабрь 30, 2015 17:52

Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Раёсати филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе якҷоя бо устодону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ дар Хонаи кӯдакони № 1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ — 2016 барои наврасону кӯдакони бесаробонмондаи ин муассиса як барномаи фарҳангиву хайриявӣ барпо намуд. Дар фарҷоми намоиши мазкур ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои идона тақдим намуда, хотири онҳоро шод намуданд. Бино ба гуфтаи Холиқназар Кӯчакшоев. ноиби директори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, чунин иқдомҳои хайрхоҳона бори аввал набуда. балки як рӯз қабл аз ин низ раёсати донишгоҳи мазкур дар мактаб-интернати махсуси № 3 барои бачагони он ҷо ҳамин гуна чорабиниро доир намуд. Ҳамзамон раёсати Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе иқдом дорад дар моҳи январи соли 2016 низ ба кӯдакистонҳои ноҳияи Ҳисор рафта, барои онҳо намоишномаҳои фарҳангӣ барпо гардонида, кӯдаконро бо туҳфаҳои ночизи худ шод намояд.
Бояд гуфт, ки дар Хонаи кӯдакони № 1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҳоло 86 кӯдак таълиму тарбия гирифта истодааст.

Декабрь 30, 2015 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд