Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба сарбозони Вазорати мудофиа
Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар арафаи Соли нави мелодӣ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сарбозони Вазорати мудофиа ва фарзандони хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ, туҳфаҳои гуногуни солинавӣ расонида шуданд. Туҳфаҳои солинавӣ асосан аз маводи хўрокворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, меваҷот ва шириниҳои гуногун, аз қабили туҳфаи солинавӣ, орд, биринҷ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти ордӣ, ширқиём, марҷумак, ярмаи ҷавин, гўшти гов, картошка, тухми мурғ, сабзиву пиёз, мандарин, афлесун ва себ иборат буда, маҷмӯи он беш аз 190 тоннаро ташкил медиҳад.
Барои расонидану тақсим намудани туҳфаҳои солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони вазири мудофиаи мамлакат комиссия ташкил шуд, ки шахсони мутасаддӣ то шоми 29 декабри соли 2015 туҳфаҳои солинавиро пурра ба сарбозон расониданд. Илова бар ин, туҳфаҳои солинавӣ аз номи Сарвари давлат ба оилаҳои камбизоат, бепарасторон, ятимон, оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтидаи вазорат низ ҳамчун кумак расонида шуданд.
Дар ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва ҳатто дар дурдастарин қисмҳои низомӣ, зимни тақдими туҳфаҳои солинавӣ, вобаста ба таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сухан рафта, ба хизматчиён дар иҷрои вазифаҳои пуршарафи хизматӣ барору комёбиҳо таманно карда шуд.
Ҳамасола новобаста аз иду ҷашнҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳдошти таъминот бо лавозимоти моддиву таълимӣ ва дигар шароити маишиву фароғатӣ корҳои зиёдеро пайваста амалӣ менамояд. Ин ғамхориҳои доимӣ боис мегарданд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ, аз генерал то сарбози қаторӣ бояд ба савганди ёдкардаи худ содиқ монда, ба халқу миллат ва Сарвари давлат софдилона хизмат намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки дар баробари расонидани туҳфаҳои солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо фармони вазири мудофиаи ҶТ дар тамоми қисмҳои низомии ин ниҳоди қудратӣ дастурхони идонаи солинавӣ, базмҳои консертӣ, вохӯриҳои гуногун ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ ба роҳ монда мешаванд.








«Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид
Муколамаи навбатии занони Осиёи Марказӣ дар Узбекистон баргузор мегардад
Дар Душанбе таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум баргузор шуд
МУКОЛАМАИ ЗАНОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар доираи он таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» форум баргузор мегардад
ПАРЧАМ ВА ПАРЧАМДОРӢ ДАР ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия доир шуд
ЭҲТИРОМ БА ПАРЧАМ- ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҷамъомад доир шуд
Беш аз 20 ҳазор нафар дар ҳамоиши идона дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Дар Хоруғ ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир карда шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар Душанбе Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак доир гардид
Сокинони ноҳияи Ёвон Рӯзи Парчами давлатиро ботантана таҷлил намуданд






