Усулҳои нави таълим дар Коллеҷи омӯзгорӣ

Декабрь 30, 2015 09:55

Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар замони Шӯравӣ омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Н. Крупская ном дошт, тӯли 55 соли фаъолияташ ҳамчун манбаи боэътимоди тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ хизмати босазоеро ба анҷом расонидааст.
Дар коллеҷ, ки аз 3 факулта ва 6 кафедра иборат аст, 831 нафар донишҷӯ дар бахши рӯзона ва 980 нафар дар бахши ғоибона таҳсил мекунанд. Ба онҳо зиёда аз 80 нафар устоди варзида, ки бештарашон ба ҳайси омӯзгори асосӣ ва бархе ба ҳайси ҳамкор фаъолият доранд, таълим медиҳанд. Дар соли хониши ҷорӣ маркази забономӯзӣ ва касбомӯзӣ дар назди коллеҷ ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он забонҳои хориҷӣ. аз қабили русиву англисӣ ва омӯзиши компютер ҷорӣ гардид. Тибқи иттиллои директори коллеҷи мазкур доктори илмҳои филология Ширин Ҳайитова аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар бахшҳои рӯзонаву ғоибона ҷойҳои иловагӣ дода шуданд, ки нақшаи қабул бомуваффақият иҷро гардид. Нахустин бор дар коллеҷ донишҷӯёни курси якуми забони англисӣ тавассути мониторинг аз санҷиши фосилавӣ мегузаранд. Дар коллеҷ корҳои ободонӣ, бартараф намудани мушкилиҳо, бештар таъмир ва омода намудани хобгоҳҳо бомаром идома доранд. Донишҷӯён баробари омӯхтани дониши амиқу ҳамаҷониба, доштани интизоми хубу намунавӣ дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона ширкат менамоянд. Дар арафаи соли нав рӯзномаи коллеҷ таҳти унвони «Шамъи рӯзгор» интишор ёфт.

Декабрь 30, 2015 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд