А. Қодирӣ: 2,7 миллион сомонӣ барои Соли фарди солим пешбинӣ шудааст

Январь 16, 2016 10:44

Хуҷанд, 16.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки соли 2016 дар қаламрави вилоят — Соли фарди солим эълон гардидааст ва тибқи қарори мазкур барои татбиқи ин иқдом аз буҷети вилоятӣ 2,7 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда, дар доираи ин иқдом дар миқёси вилоят қариб аксарияти иншооти соҳаи тиб аз таъмир бароварда шуда, барои бо дастгоҳҳои муосир таъмин намудани онҳо низ тадбирҳо амалӣ андешида мешаванд.
Ҳамчунин дар ин замина номбурда баён дошт, ки ҳамкории хубу самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо намояндагони васоити ахбори омма барои ҳалли бисёре аз мушкилоти ҷомеа эҳсосшаванда буда, дархост намуд, то рӯзноманигорон дар соли равон, ки дар вилоят соли фарди солим эълон шудааст, маводи ҷолиб рӯи чоп оваранд.

Январь 16, 2016 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад