Ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия
Душанбе, 30.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 — 30 январи соли 2016 барои иштирок дар ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ ба шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия сафар намуд. Ҷаласа 27 январи соли 2016 дар Вазорати саноат ва савдои Ҷумҳурии Чехия таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва муовини вазири саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Чехия Владимир Бэртл доир гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкории гуногунҷабҳаи ду кишвар дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, саноат, энергетика, туризм, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф ва илм мавриди баррасии коршиносони ду кишвар қарор дода шуд.
Пас аз натиҷагирии кори ҷаласа 28 январи соли 2016 аз тарафи ҳамраиси қисми тоҷикистонии гурӯҳи корӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва муовини вазири саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Чехия Владимир Бэртл
Протоколи ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ ва нақшаи амал байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва тиҷорати Ҷумҳурии Чехия ба имзо расид.
Нимаи дуюми рӯз таҳти роҳбарии раиси кумита Қодири Қосим ва директори иҷроияи Палатаи савдо ва саноат бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Чехия Франтишек Масопуст ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чехия доир шуд, ки дар он имкониятҳои сармоягузории кишвар муаррифӣ гардиданд.
Инчунин соҳибкорони ду кишвар доир ба роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ ва дар ин замина татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ гуфтушунидҳои дуҷониба намуданд.
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ дар соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






