Ҷамъомад оид ба оқибатҳои нохуши гаравидан ба ташкилоти ифротгаро

Январь 19, 2016 17:21

Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар маркази ноҳияи Айнӣ бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» бо донишҷӯёну толибилмони муассисаҳои олии кишвар, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнӣ зиндагӣ мекунанд, ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомад асосан доир ба масъалаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таьлиму тарбияи фарзанд» табодули афкор сурат гирифт.
Роҳбари ташкилоти ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Айнӣ Абдуваҳҳоб Шарифзода гуфт, ки ҳадаф аз ҷамъомади мазкур фаҳмондадиҳии оқибатҳои бади шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ ва риояи талаботи қонуни танзим мебошад. «Мо тасмим гирифтем, ки толибилмоне, ки дар пойтахт ва марказҳои вилояту дигар шаҳрҳои кишвар таҳсил мекунанд, ҷамъ оварда, аз оқибатҳои нохуши гаравидан ба ташкилоти ифротгаро ва қабули ҳар гуна урфу одат ва фарҳанги бегона маълумот диҳем, то ки онҳо тавонанд роҳи дурустро интихоб намуда, ба роҳи хато нараванд», — гуфт Абдуваҳҳоб Шарифзода.

 

Январь 19, 2016 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад