«Ҷасорат ва имон», «Медали тиллои олимпӣ Тоҷикистон меояд?», «Пажӯҳандаи дақиқназар», «Чӣ ҳол дорӣ, нақлиёти шаҳрӣ?» — ин ва дигар мақолаҳои дар матбуот чопшуда

Душанбе, 28.01.2016 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар шумораи рақами 17 аз 26-уми январ суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016, ки 22 январи соли равон баргузор гардид, чоп кардааст. Дар шумораи рӯзи чоршанбеи «Ҷумҳурият» аз 27-уми январ мақолаҳои «Хатари терроризму ифротгароӣ аз силоҳи ядроӣ кам нест», «Мардуми Тоҷикистон аз гуруснагӣ эминанд» нашр шуда, аз ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат, кишварҳои хориҷӣ ва аз нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳои давлатӣ хабару гузоришҳо чоп шудаанд. «Ҷумҳурият» дар шумораи имрӯзаи худ аз таъйиноти кадрӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ хабари муфассал нашр карда, мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ, инчунин аз нишастҳои матбуотӣ, рубрикаҳои ҷаҳон дар як сатр аз навгониҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон хабарҳоро пешниҳоди хонандагони худ намудааст.
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» шумораи рақами 11 (26 январи соли 2016), таҳти сарлавҳаи «Бо вуҷуди иҷрои нақшаҳои пешбинишуда имкониятҳои мавҷуда дар бисёр соҳаҳо ҳанӯз ҳам пурра ва самаранок истифода нашудаанд» суханронии Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмонро дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2015, пешкаши хонандагон кардааст. Дар ҳамин шумораи «Садои мардум» аз машварати кории Сарвари давлат оид ба муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ва баргузор шудани Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал чоп шудааст. Дар шумораи имрӯзаи «Садои мардум» фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъйиноти кадрӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ нашр шудаанд.
Ҳафтаномаи русзабони «Народная газета» таҳти сарлавҳаҳои «Президент: ба мушкилиҳо омода бошед!», «Аз ҳамсояи сахт ба бародари меҳрубон?», «Танқид мекунам? Чунки дӯст медорам!», «Вақте ки никоҳ устувор нест» мақолаҳои ҷолибро дар мавзӯъҳои муҳими рӯз пешкаши хонандагон кардааст.
Дар шумораи навбатии нашрияи «Халқ овози» гузориши муфассал аз маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон нашр шуда, матни пурраи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат пешкаши хонандагон шудааст. Ҳамчунин дар нашрия фикру мулоҳизаи сокинони кишвар оид ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ чоп шудааст. Мақолаи танқидии «Воситаи нақлиёти мусофиркаш ё сабқат?» аз мушкилоти мавҷудаи нақлиёти ҷамъиятӣ нақл мекунад.
Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо саволи «Охирин маротиба кадом китобро хондед?» назарпурсӣ анҷом дода, аз нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ хабару гузоришҳо чоп кардааст. Мақолаи «Медали тиллои олимпӣ Тоҷикистон меояд?» аз хусуси таърих, мушкилоти имрӯз ва имкониятҳои варзишгарони тоҷик дар олимпиадаҳо нақл мекунад.
Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» мақолаи Қодири Рустам «Забони ҳикоя»-ро чоп карда, дар саҳифаи назм шеърҳои Ҳоҷӣ Мурод ва Таманно Ализода, дар саҳифаи наср ҳикояи Муҳаммад Субҳон «Усто» ва ба муносибати 70 солагии адабиётшинос Аламхон Кӯчаров мақолаи Равшан Раҳмониро бо номи «Пажӯҳандаи дақиқназар» пешкаши мухлисони худ намудааст.
Нашрияи Вазорати маориф ва илми мамлакат «Омӯзгор» Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илмро оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 чоп карда, мақолаи Шодӣ Раҷабзод «Ба воситаи ДИИШ ба биҳишт?»-ро пешкаши хонандагон намудаст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» таҳти сарлавҳаи «Ҳамсояи хатарнок салафия, таблиғ ва… ваҳҳобияро пойгоҳ медиҳад» дар мавзӯи мубориза бо хатарҳои замони муосир мақола нашр карда, ҳамчунин дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ мақолаҳои таҳлилӣ чоп кардааст.
Ҳафтаномаи «Нигоҳ» мақолаи Саидҷалол Саидовро бо номи «Ҳукмронии нарм»-и Ҷаббор Расулов» нашр кардааст.
«СССР» бо сарлавҳаи «Чӣ ҳол дорӣ, нақлиёти шаҳрӣ?» аз мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвар мақолаи таҳлилӣ нашр кардааст.
«Фараж» бо сарлавҳаи «Пушти говсуди журналист кӣ меистад?» мақолаи тадқиқотӣ чоп намуда, аз маросими озмуни «ТОП-50» фоторепортажро пешкаши хонандагон кардааст.
Нашрияи «Озодагон» натиҷаҳои назарпурсиро бо саволи «Иқдоми Бонки миллӣ то куҷо метавонад пеши беқурбшавии сомониро гирад?» ба нашр расонидааст.
Ҳафтаномаи «Самак» таҳти сарлавҳаи «Абӯбакри Бағдодӣ ҷосуси Исроил аст?» мақолаи донишманди Ироқ Фохир Ҳасанро пешкаши хонандагон кардааст.
Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» аз фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2015 мақолаи гузоришӣ чоп карда, бо сарлавҳаи «Саргузашти зане, ки дар асорати ДИИШ буд» тақдири талхи язиддухтари 21 сола Нодия Муродро пешкаши хонандагон кардааст.