Аз амали террористии Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистон зарар надиданд
Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Аз таркише, ки дирӯз дар майдони Султон Аҳмади Истанбули Ҷумҳури Туркия аз тарафи террористи худкуш содир гардид, ягон шаҳрванди Тоҷикистон зарар надидааст. Дар ин бора ба агентии «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ дода, гуфтанд, ки ВКХ бо сафорати мамлакат дар кишвари Туркия алоқаи мустақими доимӣ дорад ва шароити будубоши шаҳрвандони мамлакат дар хориҷи кишварро таҳти назорати мунтазам қарор додааст.
Хотирасон бояд шуд, ки дирӯз дар майдони Султон Аҳмади шаҳри Истанбул таркиш рух дод, ки 10 нафар фавтида, 15 тани дигар маҷрӯҳ гардиданд. Ҳадафи террористи худкуш сайёҳони хориҷӣ будааст, зеро дар майдони Султон Аҳмад мавзеъҳои ҷолиб, аз ҷумла масҷиди Айя-София, Масҷиди кабуд ва майдони аспдавонӣ ҷойгиранд, ки сайёҳони хориҷӣ барои тамошову истироҳат бештар ба ҳамин майдон меоянд.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






