Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ 120 духтар таҳсил мекунад
Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар сохтори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се факулта: идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, аз навтайёркунӣ ва такмили ихтисос, 8 кафедра, ҳамзамон шуъба ва бахшҳо фаъолият менамоянд, ки барои 182 воҳиди корӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 12 январ ректори донишкада Лутфия Абдулхолиқзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ректор, ҳоло дар донишкада 92 корманд фаъолият менамоянд.
Дар зинаи таҳсили бакалавр 509 донишҷӯ таҳсил мукунанд, ки аз онҳо 199 нафарашон дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 310 нафарашон аз тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд, ки 120 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
“Сессияи имтиҳоноти тобистонаи донишҷӯён дар давраи фаъол бо натиҷаи азхудкунии 89% донишҳо ҷамъбаст гардид. Дар донишкада 139 нафар идрорпулӣ аз ҷумла, 1 нафар идрорпулии президентӣ мегирад»,-илова намуд Л. Абдулхолиқзода.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






