Дар моҳи феврал ҳаво гарм мешавад
Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои Ҷамила Байдуллоева, сардори маркази Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон то охири моҳи январ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳавои гарм пешгӯӣ шуд, ҳатто дар баландкӯҳҳои вилояти Бадахшон ва як қатор баландкӯҳҳои тобеи марказ низ ҳарорати ҳаво аз меъёри муқаррарӣ гарм мешавад. Ҷамила Байдуллоева илова намуд, ки танҳо дар қисматҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Варзоб, яъне аз Варзоб то Анзоб эҳтимоли боридани барфи зиёд дар назар буда, то моҳи феврал дар ин минтақа боришоти барфи аз меъёр зиёд пешгӯӣ мешавад.
Ҳамчунин аз рӯи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон моҳи феврал моҳи гарм буда, монанд ба соли 2015 аст. Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, Агентии обуҳавосанҷӣ бо дастгирии Маркази ҳавосанҷии Русия аз рӯи пешгӯии пешакии мавсимие, ки анҷом додааст, моҳи март низ дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво 1 ё 1,5 дараҷа аз меъёри муқаррарӣ баланд мешавад.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






