Дар садамаи марговар чор нафар фавтид

Январь 7, 2016 13:59

Душанбе, 07.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 6 январи соли 2016 ронандаи мошини тамғаи “Хундай-Серви”, сокини 27-солаи ноҳияи Б. Ғафуров ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Ҳ. Шерозӣ ба самти кӯчаи Ҷангалак, дар рӯ ба рӯи бинои истиқомати №28-и маҳаллаи Деҳнаваки поёни ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “Хубей”, таҳти идораи ронанда, сокини 44-солаи ноҳияи Б.Ғафуров бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мошини “Хундай-Серви” ва мусофиронаш: сокинони 27, 30 ва 31-солаи ноҳияи Б. Ғафуров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса фавтиданд.

Январь 7, 2016 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад