Дар соли 2016 имкони боло рафтани иқтисодиёти Тоҷикистон вуҷуд дорад
Душанбе, 07.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ кардааст, ки соли 2016 иқтисоди Тоҷикистон 4,2-4,8 ва 5,5 фоиз боло меравад. Бино ба гуфтаи сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Ғафурҷон Расулов дурнамои пешниҳодкардаи Бонки ҷаҳонӣ бо назардошти вазъияти ҳозира ва ояндаи ҷаҳон пешниҳод шудааст. «Албатта, имрӯз вазъият дар ҷаҳон душвор мебошад. Муборизаи сиёсии абарқудратҳо, паст рафтани вазъи нархи молҳои содиротии Тоҷикистон, аз қабили пахта ва алюминий, таҳримҳое, ки ба Русия эълон гардиданд ва ҷавобҳои Русия, таҳримҳои Русия ба Туркия, паст рафтани иқтисоди кишварҳои стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла, Чин, Русия, Қазоқистон, Туркия ва дигар кишварҳо, албатта, ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъсири худро мерасонанд. Пешниҳоди бонки ҷаҳонӣ ин як барномаи рушд буда, дар ҳолати дар оянда беҳтар гардидани вазъи иқтисодии ҷаҳон, барҳам додани таҳримҳо ва зиёд шудани талабот ба маҳсулоти содиротии Тоҷикистон метавонад суръати рушди иқтисодиёти ҶТ-ро бештару беҳтар гардонад»,-гуфт Ғ.Расулов.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, Бонки ҷаҳонӣ созмони молиявии бузург буда, дар сатҳи ҷаҳон таҳлилҳои зиёд мегузаронад. Он дурнамое, ки имрӯз Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод кардааст, дар як сенария буда, дар ҳоли боло рафтани суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон низ беҳтар хоҳад шуд.
«Имкониятҳо дар ҶТ барои баланд бардоштани иқтисодиёт дар соли 2016 зиёданд. Масалан, дар Ёвон се корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад, инчунин дар Тоҷикистон се минтақаи саноатӣ Данғара, Ёвон ва Панҷи Поён ташкил мегардад. Дар корхонаи муштарак ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ корҳо вусъат меёбанд. Ба фикри ман дар сурати беҳтар намудани фаъолият мо метавонем ба нишондиҳандаҳои беҳтар ноил гардем»,-илова намуд коршиноси масоили иқтисодӣ.
Ғ.Расулов дар мавриди вазъи қурби асъор дар соли 2016 иброз намуд, ки ҳангоми зиёд шудани фоизи бозтамвил дар Амрико, қурби доллар низ зиёд мегардад ва дар оянда низ Амрико нияти зиёд кардани бозтамвилро дорад. «Имколнияти боло рафтани қурби доллар имсол низ вуҷуд дорад»,-баён дошт Ғ.Расулов.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






