Э. Раҳмон: «То охири соли 2016 навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ба истифода дода мешавад»
Душанбе, 20.0.1.2015. (АМИТ «Ховар»).-«То охири соли 2016 навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (300 мегаватт) ба маблағи дуюним миллиард сомонӣ ба истифода дода мешавад, ки ин таъминоти аҳолиро бо барқ хеле беҳтар мегардонад». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ арзёбӣ кард.
Соли 2016 инчунин сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи КАСА-1000 (252 километр) ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ оғоз мегардад, ки он шабакаҳои барқии моро бо дигар кишварҳои минтақа пайваст намуда, ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя мусоидат мекунад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






