Фарҳанг: «Парасту-2015» падидаи муҳими фарҳангӣ гардид

Январь 26, 2016 15:16

Душанбе, 26.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2015» бахшида ба 100-солагии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аслӣ Бурҳонов яке аз падидаҳои муҳими фарҳангии соли 2015 гардид. Дар кори Фестивал-озмун мунаққидон-коршиносон аз хориҷи кишвар, Марина Михайловна Корчан — котиби масъули Гилдияи коргардонҳои театрии Русия, Гулнара Тазабековна Жумасеитова-санъатшинос, ходими илмии Донишкадаи адабиёт ва санъати ба номи М. Авезови Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон ва Валерий Заурбекович Тсариев — директори Маркази ҷумҳуриявии фарҳанги анъанавӣ ва этнотуризми «Фарн» аз Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ — Алания ширкат намуданд.
Тибқи натиҷагирӣ аз Фестивал-озмуни мазкур ҷойи якум ба Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов бо намоиши «Гирдбод»-и Н.Табаров дар таҳияи Ш.Халилов, ҷойи дуюм ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ бо намоиши «Чодари найранг»-и Т.Аҳмадхонов, ҷойи сеюм ба Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т.Фозиловаи шаҳри Конибодом бо намоиши «Вақҳабонувон»-и Еврипид дар таҳияи А.Хоҷақулиев ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо намоиши «Фирдавсӣ»-и М.Бахтӣ дар таҳияи М.Миров ва «Шоҳҷоиза»-и Фестивал ба Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «Сияҳпӯш»-и С.Аюбӣ дар таҳияи Умед Хисравов сазовор дода шуд.

Январь 26, 2016 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад