Фестивал-озмуни намоиши либосҳои миллӣ дар «Пойтахт-90»

Январь 12, 2016 10:15

Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Дар Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» Фестивал — озмуни намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ тарроҳони ҷавону корозмуда аз чор ноҳияи шаҳр ширкат варзида, маҳсули дастони худро ба маъраз гузоштанд. Фестивал дар доираи татбиқи ҳадафҳои дар Паёми Сардори давлат ба Парлумони кишвар ироагардида сурат гирифт. Ҳадаф аз баргузории чорабинии фарҳангиро масъулин дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар кишвар барои солҳои 2013-2015» арзёбӣ карданд. Таъкид шуд, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо дар тарғибу ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла либос заминаи мусоид мегузорад. Ҳунари тарроҳони ноҳияҳои пойтахтро, ки аз рӯйи 10 номгӯй ҷараён гирифт, ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карданд. Ба таъкиди ҳакамон тарроҳони ҷавон ба ин озмун омодагии хуб дидаанд.
Ғолибони фестивал-озмун бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд.

Январь 12, 2016 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд