Футболбози Тоҷикистон иштирокчии мусобиқоти Шветсия

Январь 27, 2016 09:43

Душанбе, 27.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ҳамлагари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Шаҳром Сулаймонов дар гурӯҳи олии мусобиқоти Шветсия дар ҳайати клуби футболи «Хеккен» қувваозмоӣ мекунад.
Тавре ки бародари футболбоз Шаҳзод Сулаймонов хабар дод, клуби «Хеккен» ҳуқуқи аз дастаи «Рубин» — и Қазон ба дастаи худ ҷалб намудани Шаҳромро, ки аз ин пеш дар ҳайати дастаи ҷавонон бозӣ мекард, ба даст овард. Шаҳром Сулаймонов аз соли 2009 дар дастаи «Рубин» иштирок дошт. Мавсуф соли 2014 беҳтарин бозингари қисми ниҳоии мусобиқоти Русия байни бозингарони соли таваллудашон 1997 дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки клуби «Хеккен» аз рӯи натиҷаи мавсими гузашта дар байни 16 даста мақоми ҳафтумро касб намуд. Мавсими нави мусобиқоти Шветсия 6 апрел оғоз меёбад.

Январь 27, 2016 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд