Гумонбарии ду зан дар хариду фурӯши одамон

Январь 6, 2016 11:14

Душанбе, 06.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ зани 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 37-солаи сокини ноҳияи Вахш аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ҷинояти хариду фурӯши одамон дастгир гардиданд.
Гумонбаршудагон моҳи ноябри соли 2014 ва апрели соли 2015 зани 23-солаи сокини ноҳияи Хуросонро бо мақсади бо кор таъмин намудан дар шаҳри Дубайи АМА, бо роҳи фиреб ҷалб намуда, номбурдаро дар марказҳои дилхушӣ ва тарабхонаҳо ҳамчун фоҳиша истифода бурда, аз ин ҳисоб гумонбаршудаи аввал беш аз 25000 доллари амрикоӣ ва дуюмин зиёда аз 40 000 доллари амрикоӣ фоида ба даст овардаанд.
Нисбат ба гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт идома дорад.

Январь 6, 2016 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид