Хешовандон садди роҳи ба Сурия рафтани ҷавони гумроҳ шуданд
Файзобод, 04.01.2016. (АМИТ «Ховар»)- Суди ноҳияи Файзобод Худойназаров Суҳайлӣ Сафаралиевичро бо моддаҳои 32 қ. 3, 401 қ.1 — и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро дувоздаҳ сол аз озодӣ маҳрум карда, адои ҷазояшро дар муассисаҳои ислоҳии низомашон сахт таъйин кардааст.
Тибқи иттилои суди ноҳияи Файзобод, судшаванда Худойназаров Суҳайлӣ Сафаралиевич бо ғояҳои ташкилоти террористӣ- экстремистии ба ном ДИ шинос шуда, онҳоро қабулу ҷонибдорӣ намуда, дидаву дониста, ки иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо хилофи қонун буда, ҷиноят эътироф шудааст, мақсади ба давлати Сурия рафтан ва дар амалиёти ҷангӣ дар сафи ин гурӯҳи террористӣ иштирок намуданро кардааст. Сипас бо мақсади амалӣ намудани нияти худ ӯ 17 августи соли 2015 тавассути ҳавопаймои хатсайри «Санкт- Петербург-Маскав-Истанбул» ба давлати Туркия омада, нияти ба ҳудуди Ҷумҳурии Сурия гузаштанро кардааст. Хушбахтона. ба воситаи хабаррасонии наздикони Суҳайлӣ Худойназаров ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриямон, ҳангоми амалӣ намудани нияташ Суҳайлӣ Худойназаров 29 августи соли 2015 дар наздикии шаҳри Аданаи Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуда, ба Тоҷикистон баргардонида шуд. Худойназаров Суҳайлӣ ба воситаи кумаки наздиконаш нияти ҷинояткоронаи худро то охир амалӣ карда натавонист.








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






