И. Қурбониён: Барномаи сифат дар 106 корхонаи истеҳсолӣ ҷорӣ гардид
Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- «Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 бо мақсади татбиқи вазифаҳои стратегии мамлакат дар самти таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, қоидаҳои метрологӣ, ҳифзи бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои дастгирии рушди соҳибкорӣ корҳои муайянеро ба сомон расонид»,- гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори агентии мазкур Ибодулло Қурбониён.
Ҳамчунин номбурда илова намуд, ки дар доираи татбиқи барномаҳо ва вазифаҳои стратегии мамлакат дар давраи соли 2015 бо мақсади дастгирии рушди истеҳсолоти ватанӣ барои истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазир, ҳамзамон баланд бардоштани имконоти содиротии мамлакат татбиқи “Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013 — 2015” идома ёфта, дар асоси нақшаи барномаи мазкур дар маҷмӯъ дар 106 корхонаи истеҳсолӣ тибқи феҳристи барнома низоми идоракунии сифат аз рўи меъёрҳои байналмилалӣ ҷорӣ шуд.








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






