Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» меҳмононро ба истироҳати зимистона ҷалб мекунад

Январь 14, 2016 12:12

Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» нархномаи расмии хизматрасониашро нашр кард.
Тибқи нархнома, даромад ба ҳудуди маҷмаа 120 сомонӣ буда, барои кӯдакони то 12 сола — 40 сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, арзиши даромад ба ҳудуди маҷмаа барои ҳамаи аъзои оила 360 сомонӣ мебошад.
Иҷораи лижаҳо 90 сомонӣ ва мошини барфгардӣ (сноуборд) 80 — сомонӣ аст. Иҷораи либоси махсуси варзишӣ 80 сомонӣ ва либоси махсуси варзишӣ бо лижаҳо — 150 сомонӣ мебошад.
Иҷораи чана 20 сомонӣ, сновтюб 40 сомонӣ ва барфгардҳо 150 сомонӣ арзиш дорад.
Барои хоҳишмандоне, ки лижаронӣ кардан мехоҳанд, нархи ҳуҷраи дунафараи меҳмонхона 60 доллари ИМА ва ҳуҷраи чорнафара 120 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки пас аз таъмир ва навсозии куллӣ маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» бо ҷалби сармояи ватанӣ дар як муддати кӯтоҳ таъмиру навсозӣ карда шуд.


То оғози корҳои сохтмонӣ роҳи мошингарди Такоб-«Сафед-дара» дар ҳолати ногувор ва садамавӣ қарор дошт. Дар баъзе аз минтақаҳо паҳноии роҳи мошингард то 3 метрро ташкил медод, ки ин ҳолат аз лиҳози бехатарӣ садамавӣ буд.
Аз ин хотир аз ҷониби ҶДММ «Сафед-дара» бо истифода аз техникаи махсуси роҳсозӣ дар муддати якуним моҳ ҳолати роҳ дар масофаи 17 км аз нав барқарор гардид ва дар минтақаҳои садамавӣ паҳноии роҳ то 9 метр васеъ карда шуд.
Барои кашонидани сайёҳону меҳмонон аз ҷониби ҷамъият якчанд воситаҳои нақлиётии махсус ташкил шуд.
Бо мақсади таъмини шабонарўзӣ бо неруи барқ аз ҷониби ҷамъият зеристгоҳи барқӣ, ду трансформатори 650 кВ ва як генератори барқии эҳтиётии 100 кВ барқарор ва таъмин шуданд.
Ғайр аз ин, хати об аз чашма тавассути қубурҳо дар масофаи 4 км кашида шуда, имконияти захираи об ба андозаи 150 тонна муҳайё гардид.
Бо мақсади рушду равнақ додани варзиши лижаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш аз ҷониби ҷамъият сохтмони мактаб иборат аз ду ошёна бо 60 ҷои нишаст бо тамоми шароити лозимӣ ба анҷом расид.
Меҳмонхонаи сеситорагии маҷмаа аз 54 утоқ иборат буда, дар як вақт метавонад 240 нафарро қабул намояд.
Дар маҷмааи лижаронӣ инфрасохтори иловагӣ, аз қабили тарабхона, айвони кушодаи барбекю, мағозаи хўрокворӣ, мағозаи фурўши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шуданд.
Ғайр аз ин, майдони кӯдаконаи маҷмаа бо таҷҳизоти махсус барои машқи онҳо муҷаҳҳаз гардида, ҳудуди он бо симтўр ҷудо карда шудааст. Дар маҷмўъ ин майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 га. ҷойгир буда, дар як вақт метавонанд 1000 нафарро қабул намоянд.
Дар ин маҷмаа ду роҳи танобӣ (канатка) мавҷуд буда, масофаи 2000 метрро ташкил медиҳанд ва дорои 140 воситаи болобарандаи одамон (бугел) мебошанд. Ин роҳҳои танобӣ аз нав таъмиру таҷдид шуданд.
Инчунин ҷамъият шартномаҳои хариду фурўш бо ширкатҳои австриягӣ, швейтсариягӣ ва русиягӣ оид ба воридоти техника, технология, таҷҳизот, барфпахшкунак (ратрак), барфгардҳо (снегоход) ва ғайраро ба имзо расонд.
Ҷамъият тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик сохтмони фуникулёрро, ки барои кашонидани одамон ба қуллаҳои баланд хизмат мерасонад, оғоз намояд.
Ғайр аз ин, ҷамъият ба нақша гирифтааст, ки дар ин мавзеъ барои истироҳату фароғати кўдакону наврасон лагери тобистона низ ташкил намояд.
Дар маҷмаа мутахассисони ботаҷриба, мураббиён ва роҳбаладон барои хизматрасонии сайёҳону меҳмонон фаъолият доранд.
Барои таъмиру навсозӣ, сохтмон ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурии замонавӣ зиёда аз 18 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар соли оянда барои рушди ин соҳа дар маҷмўъ ба андозаи 30 миллион сомонӣ маблағгузорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки беҳдошти шароити истироҳату фароғат, рушди соҳаи варзишу сайёҳӣ дар мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардида, имрўзу ояндаи ин соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ дорои аҳамияти бузург ва дурнамои дурахшон мебошад.
Натиҷаи талошу дастгириҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрўз дар як муддати кўтоҳ маҷмааи сайёҳию варзишии «Сафед-дара» ба як маҷмааи нотакрори истироҳатию сайёҳӣ ва варзишӣ табдил ёфт.

Январь 14, 2016 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид