Моҳи майи соли равон дар Тоҷикистон маросими расмии оғози корҳои сохтмонии лоиҳаи CASA -1000 баргузор мегардад

Январь 12, 2016 14:20

Душанбе,12.01.2015. /АМИТ «Ховар»/.— Моҳи майи соли равон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии оғози корҳои сохтмонии лоиҳаи CASA -1000 баргузор мегардад, ки ба он роҳбарони олии чор давлати ҷонибҳои ин лоиҳа Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон даъват мешаванд»,- иттилоъ дод вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф имрӯз баъди мулоқот бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорони ВАО-и кишвар.
Хоҷа Муҳаммад Осиф ҳамчунин баён дошт, ки зимни вохӯрӣ бо роҳбари олии кишвар дар робита ба татбиқи амалии лоиҳаи минтақавии CASA -1000 табодули афкор анҷом доданд ва зимни он бори дигар таъкид гардидааст, ки лоиҳаи CASA -1000 барои Тоҷикистон, Покистон ва тамоми кишварҳои минтақа лоиҳаи муфид ва судманд арзёбӣ мешавад. Дар робита ба роҳу василаҳои таҳким ва инкишофи минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи энергетика табодули афкори судманд низ анҷом додаанд.
«Мо инчунин дар робита ба дарёфти роҳу василаҳои бештар масирҳои дигари интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистонро мавриди баррасии амиқ қарор додем. Ин бори дигар бозгӯи он шуд, ки дар оянда имконоти бештари ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавҷуд буда, роҳу масирҳои интиқоли он дар оянда ба нафъи чӣ Тоҷикистон ва чӣ Покистон хизмат хоҳанд намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз имконияти пайвастан ба обҳои баҳрӣ ва бандарҳои ҶИП суди бештар гирад ва ин мулоқоти баргузоргардида як марҳилаи мулоқоти пайгири дигар мавзуъҳои муҳокимашуда зимни мулоқоти роҳбарони ҳарду кишвар ду моҳ қабл ба ҳисоб меравад. Ин доираи мавзуъҳо ва иловатан доираи мавзуъҳое, ки дар робита ба ҳамкории соҳаҳои мудофиавӣ, амниятӣ, энергетикӣ, роҳҳои пайваст ва инфрасохтор дар мулоқоти кунунӣ ва дар мулоқоте, ки дирӯз гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва инфрасохтор анҷом доданд, мавриди муҳокимаи тарафайн қарор гирифт.
Мо ба масъалаҳои марбут ба таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бори дигар таъкид намудем, ки роҳандозии ҳамкории густурдаи дуҷониба байни ҳарду кишвар на танҳо мардумони ду кишварро ба ҳам наздик менамояд, балки инчунин ба нафъи истиқрори сулҳи комил ва суботи сартосарӣ дар Афғонистон низ хизмати арзанда хоҳад кард»,- илова намуд вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Январь 12, 2016 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад