Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пахтачинӣ оғоз ёфт

Август 5, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 05.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «И. Латиф»-и деҳаи Талхачашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавсими пахтачинӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар доданд.

Масъулини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо раванди кишту парвариши пахта, ҳолати нашъунамои он ва омодагиҳои кишоварзон барои ҷамъоварии ҳосил шинос шуданд. Иброз гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои дастгирии кишоварзон, беҳтарсозии инфрасохтори истеҳсолӣ ва вусъати истифодаи технологияҳои муосир тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Зимни оғози мавсими пахтачинӣ иброз гардид, ки соли равон бинобар риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ва шароити мусоиди иқлим ҳосили пахта назар ба солҳои гузашта бештар ба назар мерасад.

Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими кишоварзии ноҳия маҳсуб шуда, дар рушди иқтисодиёти маҳаллӣ саҳми арзанда мегузорад.

Мавсими пахтачинӣ дар ноҳия тибқи нақша ҷараён гирифта, дар он кишоварзону аҳли деҳот иштирок доранд. Ҷамъоварии саривақтӣ ва самараноки ҳосил ба иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта дар муҳлатҳои муайянгардида мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки имсол кишоварзони Тоҷикистон бо истифода аз тамоми имконот дар  182 ҳазору 466 гектар пунбадона кишт намуданд, ки ба 97,6 фоизи дурнамо баробар мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Август 5, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид