«На ҳар кӣ сар битарошад, қаландарӣ донад», «Фаъолияти Иттифоқи журналистон чӣ гуна бошад?», «Карт-Бланш», «Киҳо дорои ҳуқуқи шаҳрвандии Тоҷикистон мебошанд?», «Зараррасони №1», «Киҳо баҳона мекунанд?» — ин ва дигар мақолаҳои ҳафтаи равон чопшуда
Душанбе, 14.01.2016 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар шумораи рақами 7 аз 12-уми январ хабари расмӣ дар бораи тағйироти кадрӣ дар сохторҳои ҳукумативу давлатӣ нашр карда, аз ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ ва аз нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳо ва корхонаҳои давлатӣ хабару гузоришҳо пешкаши хонандагон намудааст. Дар шумораи рӯзи чоршанбеи «Ҷумҳурият» аз 13-уми январ бо сарлавҳаи «Сохтмони КАСА-1000 оғоз меёбад» аз сафари вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф ва ҳайати расмии Покистон ба Тоҷикистон мақолаи Фирӯзи Раҳмониён ва ба фаъолият шурӯъ намудани Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» гузориши Сироншоҳи Диловар пешкаши хонандагон шудааст. Мақолаи танқидии «Кашолкорӣ дар Моҳпарӣ» аз мушкилоти мавҷуда зимни сохтмони шаҳраки Моҳпарии Исфара нақл мекунад. «Ҷумҳурият» дар шумораи имрӯзаи худ мақолаи Илҳом Додарзодаро бо сарлавҳаи «Марзуқ Алӣ ал Ғаним: Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мешиносем» чоп кардааст. Муаллиф менависад: «Офтоби Асғар, устоди бахши форси Донишгоҳи ховаршиносии Панҷоб, профессор гуфтааст: Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ интизор буд ва умед мекашид, ки аз Мовароуннаҳр боз нафаре пайдо хоҳад шуд, ки тамоми форс-тоҷик-даризабононро аз нав дар Шарқ муттаҳид менамояд. Имрӯз ман мегӯям, ки он нафар Сарвари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст».
Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 12-уми январи соли равон мусоҳибаи Аъзам Мӯсоевро бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода таҳти сарлавҳаи «Киҳо дорои ҳуқуқи шаҳрвандии Тоҷикистон мебошанд?» чоп кардааст. Дар шумораи мазкур аз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, ки 11-уми январи соли равон баргузор шудааст, хабари муфассал нашр гардидааст. Дар шумораи рақами 6 (аз 13-уми январи соли равон) «Садои мардум» мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо вазири федеролии захираҳои об ва энегетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф, ки бо ҳайати расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, инъикос кардааст.
Нашрияи русзабони «Народная газета» дар 8 саҳифа мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ, таърихии ҷолибро пешкаши хонандагон намудааст. Мақолаҳои «Пайванди ҳазорсолаҳо», «Орзуе, ки ба қонун мубаддал гардид», «Шаҳри бостонии Кӯлоб» ва дигар хабару гузоришҳо аз тарафи хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.
Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» ба муносибати 80 солагии адабиётшинос Валӣ Самад мақолаи Муртазо Зайниддиновро бо сарлавҳаи «Пайвандгари риштаҳои дӯстӣ» чоп карда, дар саҳифаи назм шеърҳои шоир Файзи Ашӯр, дар саҳифаи наср ҳикояи Равшан Махсумзод «Орзу» ва дар саҳифаи тақриз мақолаи Мубашшир Акбарзод «На ҳар кӣ сар битарошад, қаландарӣ донад»-ро пешкаши мухлисони худ намудааст.
Нашрияи Вазорати маориф ва илми мамлакат «Омӯзгор» аз ҷаласаи солонаи Вазорати маориф ва илм таҳти номи «Анҷоми соли комёбиҳо ва оғози умедвориҳо» гузориши муфассал чоп карда, Низомномаи Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои таълимиро пешкаши хонандагон намудааст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» таҳти сарлавҳаи «Карт-Бланш. Бартарии блоки қудратӣ ва беқудратии блоки иқтисодӣ. Чӣ бояд кард?» мақолаи сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимовро чоп кардааст. Муаллиф андешаҳои худро нисбат ба фаъолияти вазорату кумитаҳои давлатӣ дар арафаи ҷаласаи солонаи ҳуқумат пешниҳод намудааст.
Ҳафтаномаи «Нигоҳ» мақолаҳои «Зараррасони №1», «Нотавонии блоки иқтисодӣ», «Ҳадиси шароб» ва дигар матолиби ҷолибро нашр кардааст.
«СССР» бо сарлавҳаҳои «SOS. Муллоҳои мазҳабиро баргардонед», «Чӣ тавр Раҳимбоев паспорташро дигар кард» «Президенти пурасрор» мақолаҳо нашр карда, андешаҳои инфиродии сармуҳаррирро бо номи «Халқи камбағал ва элитаи бой» чоп кардааст.
«Фараж» бо номи «Баҳори араб, фоҷеаи аҳли ислом ва худношиносии Аҷам» мақолаи доктори илми таърих, раиси Фонди «Гуфтугӯи тамаддунҳо» Иброҳим Усмоновро чоп намудааст. Муаллиф аз ҷумла навиштааст: «Дар тамоми мамолики исломӣ баҳори араб бунёди тифоқро бурид, хонаи мардумро оташ зад. Мардуми мусулмон, пеш аз ҳама, мардуми араб ва мардуми тоҷикзабони Афғонистон ватангумкарда шуданд, бехонумон шуданд, саргардон шуданд…».
Нашрияи «Самак» таҳти сарлавҳаи «Ҳаҷҷи умраи Эмомалӣ Раҳмон: «Лайк»-е, ки назир надошт» мақола чоп карда, андешаҳои Бахтовар Холовро дар бораи «ҳамлаи навбатии Ғарб бо номи лоиҳаи Ховари миёнаи Бузург» ба хонандагони худ пешкаш кардааст.
Нашрияи соҳавии «Нақлиёт» аз камбудиҳо дар нақлиёти мусофирбарии шаҳри Душанбе мақолаи таҳлилии ҷолибро пешкаши хонандагон карда, навиштааст: «Ҷадвали ҳаракат дар хатсайрҳо, реҷаҳои кори фосилавӣ, реҷаи кори ронандагон тартиб дода нашудааст…» бо ин нашрия савол гузоштааст: «Киҳо баҳона мекунанд?».
Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» мақолаҳои «Давлати исломӣ фарзандонро модаркуш мекунанд», «Нархҳои чархофалак» чоп карда, бо саволи «Фаъолияти Иттифоқи журналистон чӣ гуна бошад?» дар миёни журналистон ва коршиносони соҳа назарпурсӣ анҷом додаст.








Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?






