Натиҷагирии Кумитаи кор бо занон ва оила аз соли 2015

Январь 13, 2016 15:22

Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти кумита дар соли 2015 ва нақшаҳои минбаъда барои соли 2016 баргузор гардида, раиси кумитаи мазкур Хидирзода Махфират Умар оид ба фаъолияти кумита дар соли 2015 ҳисобот дод.
Зикр шуд, ки дар масъалаи омӯзиши ҳаматарафаи никоҳи хешутаборӣ ва муоинаи пешазникоҳии издивоҷкунандагон аз ҳисоби вазорату идораҳои давлатӣ гурӯҳи корӣ таъсис шуда, бо назардошти имкониятҳои воқеии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва розигии роҳбарияти он ин гурӯҳ фаъолияти худро бевосита дар назди вазорати мазкур амалӣ намуд.
Ҳамзамон бо мақсади такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар назди кумита гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис шудааст.
Теъдоди хизматчиёни давлатӣ дар вилояту шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, зикр шуд, ки бонувони тоҷик имрӯз дар ҳайати Парлумони кишвар, вазорату кумитаҳо ва дигар муассисаҳои давлатӣ барои амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ҳадафмандона фаъолият доранд.
Густариш додани соҳибкории хурду миёна барои бонувон аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии занону духтарон мебошад. Барои амалӣ сохтани ин ҳадаф ва дастгирии занону модарони соҳибкор аз ҷониби Ҳукумати кишвар грантҳои президентӣ таъсис дода шудаанд ва то имрӯз бонувони зиёде бо истифода аз ин имконият тавонистанд дар соҳаҳои гуногун ба соҳибкорӣ машғул гарданд ва муваффақ ҳам шуданд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар бо таҳлили амиқ аз фаъолияти кории сардорони раёсатҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти ҷамъбастиашон натиҷагирӣ намуда, ба 15 сардорони раёсатҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои фаъолияти хуб дар соли 2015 сипоснома супорид.

Январь 13, 2016 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон