Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ дар финал

Январь 28, 2016 16:59

Душанбе, 28.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дастаи мунтахаби футболи Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё байни футболбозони то 23 -сола ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар вохӯрии нимниҳоӣ тими мунтахаби Ҷопон бар мунтахаби Ироқ бо натиҷаи 2 бар 1 ва футболбозони Корея бар мизбони бозиҳои ниҳоӣ, тими мунтахаби Қатар бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуданд. Акнун дастаҳои Ироқ ва Қатар барои мақоми сеюм ва Ҷопон бо Кореяи ҷанубӣ барои Ҷом рӯзҳои 29 ва 30 январ вориди рақобат мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки дар бозиҳои ниҳоӣ 16 даста ширкат карда, дар чор гурӯҳ аз 12 январ дар шаҳри Доҳаи Қатар ба мусобиқа шурӯъ карда буданд. Аз тимҳои мунтахаби Осиёи марказӣ танҳо дастаи мунтахаби Узбекистон дар мусобиқа дар гурӯҳи «С» ширкат карда, зинаи сеюмро ба даст овард. Дастаи мунтахаби Эрон дар ин поя дар бозии 1/4-ниҳоӣ аз футболбозони ҷопонӣ бо нишондоди 3 бар 0 мағлуб шуд.

Январь 28, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд