Озмоиши воситаҳои арзёбии дастовардҳои хонандагони синфи 5-ум
Душанбе, 04.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) 10 уми декабри соли ҷорӣ дар 105 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии кишвар озмоиши воситаҳои арзёбии дастовардҳои хонандагони синфҳои 5- умро баргузор кард. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе 10, дар вилояти Суғд 37, дар вилояти Хатлон 42, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25 гимназия, литсей ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба озмоиш шомил буданд. Озмоиш дар маҷмӯъ 2699 хонандаро, ки аз он 110 нафарашон хонандагони таҳсилашон бо забони русӣ буд, дар бар гирифт.
Боис ба тазаккур аст, ки яке аз мақсад ва вазифаҳои марказ гузаронидани пажӯҳишҳо ва арзёбии сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тавассути тест ва ташкили мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон аст.
Вобаста ба ин, дар баробари баргузор кардани ИМД ба МТТМК ва МТТОК, марказ дар самти арзёбии дастовардҳои хонандагони синфҳои 5-ум фаъолияти худро ба роҳ монда, барои таҳияи абзор — воситаҳои арзёбии дониши хонандагон ва озмоиши он корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.
Марказ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва муассисаҳои дахлдори ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар доираи барномаи минтақавии «Ислоҳоти низоми маориф дар Осиёи Марказӣ» абзори минтақавӣ барои арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагони синфҳои 4-и муассисаҳои таълимии давлатҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон)-ро таҳия намуд.
Абзори мазкур CAPSA (Central Asia Program for Student Assessment — Барномаи Осиёи Марказӣ оид ба арзёбии дониши хонандагон) ном гирифта, чунин мақсадҳо доранд:
— таҳкими ҳамкорӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар соҳаи маориф, бахусус, дар самти арзёбии дониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ;
— муайян кардани сатҳи дастовардҳои таълимии хонандагони синфҳои 4-ум аз математика ва хонишу фаҳмиш;
— муайян кардани омилҳое, ки ба натиҷаҳои таҳсилот таъсир мерасонанд.
Корҳои анҷомшуда дар доираи Capsa:
— таъсиси мақоми идоракунӣ ва гурӯҳи корӣ;
— муайян кардани мавзӯъҳои афзалиятдор барои муколамаи минтақавӣ дар доираи барномаи CAPSA;
— таҳияи нақшаи кори арзёбии сатҳи дониш ва салоҳиятҳои фаннии хонандагони синфҳои 4-ум;
— таҳияи маводи назоратию андозагирӣ аз рӯйи математика ва хонишу фаҳмиш;
— озмоиш ва мутобиқгардонии абзори санҷиш ва мониторинги салоҳиятҳои омӯзишию фаннии хонандагони синфҳои 4-ум;
— гузаронидани пажӯҳиши байналмилалӣ оид ба арзёбии сатҳи дониши синфҳои 4-ум дар давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон.
Ҳамин тариқ, иштирокдорони озмоиши воситаҳои арзёбии дастовардҳои хонандагони синфи 5-ум дар шаҳри Душанбе 300 нафарро ташкил карданд. Аз ин шумора 48 нафарашон хонандагони забони таълимашон русӣ буд. Иштирокдорони озмоиш дар вилояти Суғд 665 нафар, дар вилояти Хатлон 1094 нафар (39 нафар хонандаи забони таълимашон русӣ), дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 29 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тебеи ҷумҳурӣ 611 нафар (аз ин 23 нафарашон хонандагони забони таълимашон русӣ) мебошанд.
Бояд гуфт, ки барои баргузор кардани озмоиши воситаҳои арзёбии дастовардҳои хонандагони синфҳои 5-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва муаллимони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ, ки шумораашон 210 нафарро ташкил медод, ҷалб гардида буданд.








«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст






