Пардохти нафақаи 7 ҳазору 839 нафар бо мақсади ташхиси такрорӣ муваққатан боздошта шуд
Душанбе,18.01.2016. (АМИТ “Ховар”).-Теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 625 ҳазору 461 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 951 нафар афзоиш ёфтааст,- зикр намуд директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ Сафаралӣ Наҷмуддинов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Сафаралӣ Наҷмуддинов гуфт, ки андозаи миёнаи нафақаҳои меҳнатӣ дар ин давра 248,05 сомонӣ, нафақаҳои суғуртавӣ 284,58 сомонӣ, нафақаҳои иҷтимоӣ 126,85 сомонӣ ва дар маҷмӯъ, андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 230 сомониро ташкил намуд. Аз теъдоди умумии нафақагирон пардохти нафақаи 7 ҳазору 839 нафар бо мақсади ташхиси такрорӣ муваққатан боздошта шудааст.
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар соли 2015 дар асоси Фармоиши муштарак байни агентӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 65 ҳазору 273 нафар гирандаи нафақаи маъюбӣ аз муоинаи такрории тиббию иҷтимоӣ гузаронида шуданд, ки аз ин теъдод гурӯҳи маъюбии 43 ҳазору 563 нафар тасдиқи худро ёфта, аз нав барқарор гардиданд, ки аз ин 3 ҳазору 542 нафар аз як гурӯҳи маъюбӣ ба дигар гурӯҳ гузаронида шуданд ва нафақаашон вобаста ба гурӯҳи нави маъюбӣ аз нав ҳисоб ва таъйин гардида, пардохт шуда истодааст.
Дар баробари ин, аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 зимни муоинаи такрорӣ, гурӯҳи маъюбии 13 ҳазору 871 нафар тасдиқи худро наёфт ва аз ин теъдод бинобар расидан ба синни нафақавӣ 3 ҳазору 123 нафар ба нафақа аз рӯи синн гузаронида шуданд. Пардохти нафақаи 10 ҳазору 748 нафари дигар, ки гурӯҳи маъюбиашон тасдиқ нагардид, пурра қатъ шуд.
Дар айни замон 7 ҳазору 839 нафар гирандаи нафақа аз рӯи маъюбӣ дар сатҳи муоинаи такрорӣ қарор доранд ва бо пешниҳоди Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти нафақаи онҳо муваққатан боздошт гардидааст.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






