Пешвои миллат: Як силсила маъракаҳои муҳим дар таҳкими нуфузу эътибори кишварамон нақши муассир гузоштанд
Душанбе, 20.01.2016 (АМИТ «Ховар») .- Имрӯз 20 январ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз фурсати муносиб ба кулли мардуми шарифи кишвар барои ширкати фаъолона дар муҳимтарин чорабинии сиёсии сол интихоботи парлумонӣ бори дигар миннатдорӣ баён намуд.
«Дар соли гузашта, ҳамчунин, як силсила маъракаҳои муҳим, аз ҷумла Конфронси байналмилалӣ доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи яке аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид — Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015, 700 — солагии мутафаккири барҷастаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000 — солагии Ҳисори бостонӣ баргузор гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, дар амри густариши ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳии хурду бузурги мамлакат, инчунин дар таҳкими нуфузу эътибори кишварамон нақши муассир гузоштанд»,-илова намуд Сарвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






