Пирзода М: «Таъсиси ТВ «Варзиш» ва ТВ «Синамо» зарур аст»

Январь 15, 2016 11:23

Душанбе, 15.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Таъсиси ду шабака-муассисаҳои давлатии ТВ «Синамо» ва ТВ «Варзиш» дар фазои иттилоотии кишварро Пирзода Маҳмадсаид зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз дар Кумитаи ТВ ва радиои кишвар баргузор гардид, дар замони имрӯза аз ҳама ҷиҳат зарурӣ шуморид.
Раиси кумита мақсаду ҳадафи таъсиси шабакаи ТВ «Варзиш»-ро дар тарғибу ташвиқи ҳаёти солим, оғоз аз боғча то ба мактабу донишгоҳ, бахусус ҷавононро ба ҳаёти солим ҳидоят кардан арзёбӣ кард.
«Муҳимтарин санъат барои мо санъати кино аст. Як муддат мардум рӯ ба тамошои филмҳои туркӣ оварданд, ки ҷомеаро нигарон карда буд. Мақсади таъсиси ТВ «Синамо» ин баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, як бори дигар ба таърихи худ назар кардан аст. Ният дорем, ки он сенарияҳоеро, ки ба тафаккури тоҷикон монанд ва замонавӣ аст, дар шабакаи «Синамо» рӯи навор биорем ва мардум шаҳди филмҳои тоҷикиро бичашанд», илова намуд раиси кумита.

Январь 15, 2016 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд