Пулиси Олмон дар ҷараёни амалиёт дар Дюсселдорф 40 нафарро дастгир намуд
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Пулиси шаҳри Дюсселдорфи Олмон дар ҷараёни амалиёти мубориза бо ҷинояткории муташаккил байни ашхоси «африқоию араб» 40 нафарро дастгир намуд, — хабар дод рӯзи якшанбе агентии Ассошиэйтед Пресс.
Мувофиқи маълумоти агентӣ, амалиёт дар 18 муассисаи шаҳр сурат гирифт. Қувваҳои тартиботи қонун 294 нафарро тафтиш намуданд, ки аксарияташон табааи Африқои Шимолӣ мебошанд. Ҳукуматдорон 38 нафар дастгиршудагонро ба иқомати ғайриқонунӣ дар Олмон гумонбар кардаанд.
Қаблан хабар дода шуд, пулиси шаҳри Дюсселдорф рӯзи шанбеи гузашта дар маҳаллаи арабнишини Мағриб барои ҷустуҷӯи қочоқчиёни маводи мухаддир ва кисабурон амалиёти махсусро роҳандозӣ намуд. Маҳаллаи мазкур дар шаҳри Дюсселдорф бо гурӯҳҳои ҷинояткори табааи Африқои Шимолӣ ном баровардааст.
Дар бархе шаҳрҳои дигари Олмон, аз ҷумла дар Гамбург Штутгарт, Берлин, Франкфурти лаби Майн, Нюрнберг, ҳамчунин дар Шветсия, Финляндия, Австрия, Швейтсария ва кишварҳои дигари Аврупо чунин ҷинояткориҳо рух доданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






