С. Раҳим: Фаъолияти 82 корхона қатъ гардид
Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Барои ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ҷавобгў набудани фаъолият, наандешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба пешгирӣ ва сар назадани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба 82 роҳбари корхона нишондод оид ба қатъ гардидани фаъолият пешкаш гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ Раҳим Санъат Асо иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти С. Раҳим, дар хадамот 1 ҳазору 981 корхона ва 12 ҳазору 755 иншооти зериназоратӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти маҷмӯии бехатарии саноатӣ дар вилояти Бадахшон ва 1 ҳазору 273 назорати техникӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронида шуд, ки аз онҳо 136 назорати маҷмӯӣ, 711 назорати мақсаднок ва 426 назорати фаврӣ мебошад.
«Дар натиҷаи гузаронидани назоратҳои техникӣ ба ҳамаи корхона ва ташкилот нишондод бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардида, мўҳлати муайян барои бартараф ва ислоҳи камбудиҳо дода шудааст»,-илова намуд С. Раҳим.








Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд






