Сабти филмҳои омўзишӣ барои кўдакони синни томактабӣ
Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — “Яке аз корҳои муҳиме, ки дар самти таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, сабти филмҳои омўзишӣ барои кўдакони синни томактабӣ мебошад”,-гуфт вазири маориф ва илми кишвар Нуриддини Саид имрӯз, 11 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Дар айни замон 25 филм (ҳар як филм то 15 дақиқа) омода гардида, ба навор гирифта мешаванд. Гурўҳи корӣ тасмим гирифтааст, ки дар солҳои минбаъда то 100 филм таҳия ва ба навор гирад.
“Филмҳои аниматсионӣ дар шакли «саёҳати афсонавӣ» таҳия гардида, қисматҳои таълимӣ ва омўзишӣ барои кўдакон доираи васеи мавзўъҳоро дар бар гирифтаанд. Филмҳои мазкур дастраси муассисаҳои томактабӣ гардонида шуда, ба ин восита имкони дастрасии бештар ба барномаҳои таълимию тарбиявии томактабӣ ба ҳар як кўдак ва оила пайдо мегардад”,-илова намуд вазир.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






