Сеюмин мусовии «Истиқлол» ва «Хуҷанд»

Январь 30, 2016 10:40

Душанбе, 30.01.2016 (АМИТ «Ховар»). -Вохӯрии таҷрибавии дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд шоми дирӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба анҷом расид. Баъди бориши барфи зиёд футболбозони ҳарду даста дар варзишгоҳи пурбарф имконоти худро пурра нишон дода натавонистанд. Ҳисобро дар дақиқаи 32-юм Парвиз Умарбоев боз карда, истиқлолиҳоро ба сафи пеш баровард. Бозингари нави дастаи «Хуҷанд» Марифҷон Марифбоев дар нимаи дуввуми бозӣ натиҷаро баробар кард. Ин сеюмин рақобати «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар соли равон аст, ки мусовӣ ба анҷом мерасад.
Ёдрас мешавем, ки аз ин пештар дар вилояти Суғд дар шаҳри Қайроққум ду вохӯрии ин дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 1 ва 2 бар 2 мусовӣ ҷамъбаст шуда буд. Акнун дар идомаи тайёриҳо ба мавсими нави футбол клуби футболи «Истиқлол» ба Туркия сафар мекунад . «Хуҷанд» бо доир кардани як вохӯрии дигар дар шаҳри Душанбе тайёриро ба бозии тогурӯҳии Ҷоми КФО бо клуби «Аҳли Алхалил»-и Фаластин ба анҷом мерасонад.

Январь 30, 2016 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад