Шӯрои доимии СААД Нақшаи чораҷӯиҳоро мувофиқа расонд

Январь 15, 2016 11:35

Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 14 январ таҳти раёсати Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Арманистон Давид Вирабян аввалин дар соли 2016 ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони Дабири кулли СААД ва кормандони масъули котибот ширкат доштанд. Тавре ки дар дафтари матбуоти СААД хабар доданд, лоиҳаи Нақшаи чораҷӯиҳо барои иҷрои қарорҳои иҷлосияҳои сентябрию декабрии (соли 2015) Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва авлавиятҳое, ки Ҷумҳурии Арманистон дар давраи раёсаташ дар Созмон пешниҳод намуда буд, баррасӣ ва мувофиқа карда шуд.
Ба Дабири кулли СААД тавсия шуд, ки лоиҳаи ҳуҷҷатро барои тасдиқ ба раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян пешниҳод намояд.
Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои доимӣ ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки лоиҳаи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи Шӯрои вазирони мудофиаи СААД ва лоиҳаи Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД дар бораи илова ба «Тавсияҳо оид ба омодагӣ ва роҳандозии амалиёт барои пуштибонии сулҳ аз ҷониби қувваҳои посдорони сулҳи СААД» фиристода шаванд.

Январь 15, 2016 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид