Сумангул Тағойзода: Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас пешвоз хоҳем гирифт
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ 16 январ баргузор гардид. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода зикр намуд, ки як зумра корҳои назаррасро дар ин муддат ба сомон расониданд.
Доир ба масъалаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ, музди меҳнат ва омилҳои таъсиррасонии он, хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ дар соли 2015, танзими равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, маълумоти баҳисобгирии рафту омади шаҳрвандон, муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ, омӯзиш ва бозомӯзии касбӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон, изҳори назар намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои махсус дод.
Дар ҷаласаи мазкур шарикони иҷтимоӣ — раисони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизбег Шарипов, инчунин роҳбарони сохторҳои низоми вазорат сухан гуфтанд.
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ оид ба дастовардҳои ноилгардида дар соли 2015 ва камбудиҳои ҷойдошта сухан кард ва барои ҳалли онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Тағойзода Сумангул Саид неруи созандаи кадрии вазоратро ба хизмати софдилона даъват карда, иброз намуд, ки дар соли 2016 уҳдадориҳою супоришҳои дар зимма доштаро сари вақт иҷро намуда, дар рушду такомули минбаъдаи соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғл, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон саҳми босазо гузошта, ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас пешвоз хоҳем гирифт.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






