Тақвияти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи маориф
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2016/01/24065357641_96575f4036_z-1.jpg)
Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Маориф дар ҳама давру замон аз соҳаҳои асосию пешбарандаи ҷомеа ва таҳкимбахшандаи пояҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб шуда, баъд аз ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ба ин соҳаи хаётан муҳиму пешбарандаи ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳмияти аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад.
Дар асоси таъкидҳои ҳамешагии Сарвари давлат рушди босуботи маориф кафили пешравии ҷомеа, омили наҷоти миллат ва таҳкимбахшандаи пояҳои давлатдории навини мо буда рушди босуботи соҳа ва сатҳу сифати олии таълиму тарбия аз дастрасии пурра ба муассисаҳои таълимии замонавӣ ва синфхонаҳои мутобиқ ба талаботи ҷаҳони муосир низ алоқамандии сахт дорад.
Аз ин лиҳоз, сарфи назар аз имконияти маҳдуди иқтисод ва молиёти мамлакат ба бахшҳои муҳими соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа дода шуда ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар ин самт таҳким бахшида мешавад. Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо аз чунин лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба шумор рафта, дар ҳамкорӣ бо Фонди Саудии Рушд имрўзҳо мавриди татбиқ қарор додрад.
Умуман ибтидои соли 2016 ум дар муносибатҳои дўстонаи Тоҷикистон бо Арабистони Сауди пешравиҳои назаррас ба вуқўъ пайвастанд. Пешвои миллат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибтидои сол аз ин кишвари исломӣ бо сафари расмӣ дидан карда ба имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ аз ҷумла дар соҳаи маориф низ асос гузошт. Дар доираи ин сафар Президенти ҶТ ҳамзамон бо Вазири молияи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Раиси Шӯрои мудирияти Фонди Саудии рушд Иброҳим ибни Абдулазиз Ал-Ассоф мулоқот намуд, ки дар соҳаи маориф Тоҷикистон бо ин фонд ҳамкории қавӣ дорад.Намунаи яки ин ҳамкорӣ Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд 17 августи соли 2013 ба имзо расида, аз сентябри соли 2014 мавриди амал қарор дорад.
Мақсади асоси лоиҳаи рушд ва беҳтар намудани таҳсилоти умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботи мамлакат ба низоми таҳсилот ва шумораи афзуншавандаи хонандагон тавасути сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, таъмин намудан бо мебел ва таҷхизоти зарурӣ дар 15 шаҳр ва ноҳияҳои куҳистони ҷумҳурӣ аз ҷумла сохтмони мактаби №61 барои 380 ҷойи нишаст дар шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ, сохтмони бинои таълимии мактаби №51 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Рўдакии ноҳияи Восеъ, сохтмони мактаби №15 барои 380 ҷойи нишаст дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Фархор, сохтмони мактаби №14 барои 380 ҷойи нишаст дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, сохтмони мактаби №57 барои 380 ҷойи нишаст дар деҳаи Зулмободи ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейни ноҳияи Ёвон, сохтмони нотамоми мактаби №4 барои 380 ҷойи нишаст дар деҳаи Тутқавули ҷамоати деҳоти Пули сангини шаҳри Норак, сохтмони мактаби №16 барои 380 ҷойи нишаст дар деҳаи Роҳи Нави ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Ҷиликул, сохтмони мактаби №9 барои 480 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангтӯдаи ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, сохтмони бинои таълимии мактаби №23 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Давлатободи ҷамоати деҳоти Зарбдори ноҳияи Кўлоб, сохтмони мактаби №1 барои 380 ҷойи нишаст дар маркази ноҳияи Шўрообод, сохтмони мактаб барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Баҳори ноҳияи Носири Хисрав, сохтмони мактаби №8 барои 380 ҷойи нишаст дар деҳаи Хуррамзамини ҷамоати деҳоти И.Шарипови ноҳияи Данғара,сохтмони мактаби №14 барои 480 ҷойи нишаст дар деҳаи Комсомоли ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар,сохтмони бинои нави таълимии мактаби №61 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Моғиёни ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент ва сохтмони бинои таълимии мактаби №32 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Курўди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ мебошад.Таъкид кардан ба маврид аст, ки лоиҳаи мазкур имконияти бо ҷои нишаст фаро гирифтани зиёда аз 15472 толибилм ва ҷалби 1500 омўзгору ҳайати кормандони техникиро ба таълим дорад.
Дар доираи амалишавии лоиҳа иҷрои вазифаҳои зерин, аз ҷумла
сохтмони 15 мактаби нави замонавӣ бо иқтидори лоиҳавӣ барои 240, 380, 480 ва 640 ҷойи нишаст бо назардошти тамоми инфрасохтор, аз ҷумла:
— 4 мактаб бо иқтидори лоҳавии барои 240 ҷойи нишаст бо назардошти 3 кабинетҳои фаннӣ (физика, химия, компютерӣ) ва буғхона бо назардошти технологияи ҳозиразамон, ки дар фасли зимистон имкон дорад, тамоми утоқҳои биноро бо ангишт гарм нигоҳ дорад; 11 мактаб бо иқтидории лоҳавии 380, 480 ва 640 ҷойи нишаст бо назардошти 7 кабинети фаннӣ (физика, химия, биология, лингафон, компютерӣ, таълими меҳнат (духтарона/писарона), толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона бо ҷойи нишаст, буғхона бо назардошти технологияи ҳозиразамон, ки дар фасли зимистон имкон дорад, тамоми утоқҳои биноро бо ангишт гарм нигоҳ дорад; таъмин ва муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо, кабинетҳои фаннӣ, толори варзишӣ, ошхона ва китобхона пешбинӣ шудааст.
Ногуфта намонад, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар 15 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷониби марказ бо ҷалби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ дар ҷамоати шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат 5 моҳ қабл аз нақша шуруъ шуда, ба таври шабонарӯзӣ пеш бурда мешавад ва тамоми имконоту иқтидор барои сари вақт ба анҷом расонидани татбиқи лоиҳаи сохтмони муассисаҳои таълимӣ равона гардидааст. Бо ин амал иҷрокунандагони лоиҳа азми қавӣ доранд, ки татбиқи лоиҳаҳоро то таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида, ин санаи муҳими давлатиро бо музаффариятҳои беназири корӣ истиқбол намоянд.