“Тоҷикфилм” фаъол мешавад

Январь 15, 2016 14:30

Душанбе, 15.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-«Рӯзҳои наздик танзими филми «Саргардонӣ» бо муаллифии Муҳаммад Ғойиб ба анҷом расид, ҳоло садогузорӣ ва мусиқимонии он идома дорад ва рӯзҳои наздик филми «Маро бубахш»-и коргардон Муҳаббат Сатторӣ, ки танзим ва банду басташ ҳоло ки идома дорад, пешкаши тамошобинон мегардад». Ин нуктаро роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио имрӯз дар нишасти матбуотӣ таъкид намуданд.
Дар нишаст зикр гардид, ки соли 2015 дар чаҳорчӯбаи «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2011-2015» 2 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд ва ин маблағ тибқи нақша як қисм барои наворбардории филмҳои ватанӣ ва қисми дигар барои хариди таҷҳизоти техникӣ масраф гардид. Дар соли 2015 9 филми бадеӣ, аз ҷумла 5 филми кӯтоҳи бадеӣ, 1 силсилафилм ва 3 филми пурра рӯи навор омад.
Агар солҳои пеш аз ҷониби киностудияи «Тоҷикфилм» 3-4 филм наворбардорӣ мешуд, тайи солҳои 2011-2015 44 филми тозанашр истеҳсол гардид, аз ин 11 филми ҳунарӣ, 15 филми мустанад, 7 филми кӯтоҳметраи ҳунарӣ, 4 филми аниматсионӣ ва 7 филми тарҷума ва дубляжшуда мебошад.

Январь 15, 2016 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд