Толибилмони Тоҷикистон натиҷаҳои назаррасро дар ҷабҳаи илмҳои дақиқ намоиш доданд
Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Чанде қабл хонандагони Тоҷикистон аз Озмуни байналхалқии Жаутиков бaргаштанд. Дар ин озмун асосан беҳтарин донандагони илмҳои физика ва математика ширкат варзида, хонандагони литсей ва гимназияҳои ҷаҳон миёни якдигар рақобат карданд.
Озмун аз 13 то 19 уми январ дар шаҳри Алма-Ато баргузор гардид. Дар он 58 гурӯҳ, дар ҷамъ 400 хонанда аз 18 мамлакати ҷаҳон ширкат варзиданд. Хусусияти хоси ин озмун дар он аст, ки дар асл он ягона озмуни гурӯҳӣ миёни беҳтарин литсею гимназияҳои дорои равияи риёзӣ буда, аз ҷиҳати мураккабияти масъалаҳо аз озмунҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи математика, физика ва информатика камӣ надорад.
Сухангӯи Литсеи «Ҳотам ва ПВ» Туйчӣ Рашидов мегӯяд боиси ифтихор аст, ки чанд соли охир мактабҳои дорои равияи риёзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона шаъну шарафи Ватани азизамонро ҳимоят намуда, аз беҳтарин хонандагон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Ин нишондод ҳам аз ҳисоби санҷиши умумӣ ва ҳам аз ҳисоби медалҳои бадастоварда муайян мегардад. Соли равон Тоҷикистонро 37 нафар хонандаи беҳтарини литсею гимназияҳо; аз ҷумла аз литсейҳои президентӣ, литсейҳои барои кӯдакони лаёқатманд ва литсеи тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ муаррифӣ намуданд. Хонандагони Тоҷикистон дар маҷмӯъ соҳиби 6 медали биринҷӣ гардиданд, ки боиси ифтихор мебошад. Соҳибони 4 мукофот толибилмони литсеи тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ мебошанд. Хонандагон аз литсей барои кӯдакони лаёқатманд соҳиби 2 медали биринҷӣ гардиданд.








Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






