Қурби расмии сомонӣ нисбат ба евро 18,5 фоиз ва рубли русӣ 16,1 фоиз коҳиш ёфт

Январь 26, 2016 14:55

Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Новобаста аз тадбирҳои андешидашуда дар соли 2015 қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА тамоюли пастравӣ дошт ва қурби расмии он аз 5,3074 сомонӣ то 6,9902 сомонӣ (31,7 фоиз) поён рафт. Қурби бозории хариду фурӯши нақдии 1 доллари ИМА аз 5,47 сомонӣ то 7,58 сомонӣ ё худ 38,6 фоиз афзоиш ёфт. Ин нуктаро имрӯз, 26 январ зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ироа намуд.
Дар баробари ин, дар ин давра қурби расмии сомонӣ нисбат ба евро 18,5 фоиз ва рубли русӣ 16,1 фоиз коҳиш ёфт.
Бино ба гуфтаи раиси БМТ, омилҳои асосии коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ кам шудани вуруди асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз тамоми манбаъҳо, коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, маҳдудшавии дастрасии ташкилоти қарзӣ ба қарзҳои асъории бонкҳои хориҷӣ, ноустувории рушди иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии савдо ва пастравии қурби пули миллии ин кишварҳо, бахусус Федератсияи Русия ва Қазоқистон, омилҳои ҳаннотӣ вобаста ба кӯшишҳои нигоҳ доштани даромади калон аз фарқияти қурбҳо дар бозори ғайрирасмии хариду фурӯши доллари нақди ИМА ва ғайраҳо мебошанд.

Январь 26, 2016 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад