А. Иброҳим: «Дастовардҳои истеҳсолӣ набояд бар ивази талафоти ҷонӣ таъмин карда шаванд»
Душанбе, 24.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-Ин суханро муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зимни ҷаласаи кории назоратӣ дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ изҳор дошт.
Дар ҷаласаи кории Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ масоили вобаста ба таъмини бехатарии меҳнат дар истеҳсолот, андешидани чораҳои саривақтӣ барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои саноатию сохтмонӣ, конҳои истихроҷи ангишту маъдан ва иншооти дорои таҷҳизоти ҳамлу нақл ва борбардор баррасӣ шуд.
Тавре муовини сарвазири мамлакат таъкид намуд, бинобар сабаби паст будани сатҳи дониши мутахассисони соҳаҳои кўҳкорию техникӣ ва истеҳсолӣ, ҳамчунин риоя нагардидани техникаи бехатарӣ дар истеҳсолот ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли гузашта бештар ба қайд гирифта шудаанд. Дар солҳои охир бинобар сабаби рушду тараққиёти бемайлони соҳаҳои саноат ва кўҳкорӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ангишт ва намудҳои гуногуни металл дар мамлакат нишондиҳандаҳои сар задани ҳодисаҳои нохуш низ дар истеҳсолот, мутаассифона, афзун гардидаанд, ки ин боиси нигаронии ҷиддӣ аст. Яке аз сабабҳои афзоиши садамаҳои истеҳсолӣ маҳз риоя нагардидани техникаи ҳатмии бехатарии меҳнат ба ҳисоб меравад.
Дар соли 2015 аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ 22 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2014 7 ҳодиса зиёд мебошад.
Муовини сарвазир оид ба таъмини бехатарӣ дар истеҳсолот махсусан таъкид намуд, ки дастовардҳои истеҳсолӣ набояд бар ивази талафоти ҷонӣ таъмин карда шаванд. Вобаста ба ин, масъулини соҳа, муҳандисони бехатарии меҳнат дар корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ вазифадор гардиданд, ки барои пешгирӣ кардани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш чораҳои қатъии тахассусиро амалӣ намоянд.
Ҳамчунин ба сардори Нозироти давлатии назорати техникаи борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо супориш дода шуд, ки назоратро нисбат ба сифати лифтҳои иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳо пурзўр карда, ҳолати корӣ ва мутобиқати ҳар як лифтро дар алоҳидагӣ аз ташхиси техникӣ гузаронанд ва танҳо дар сурати ба талабот ҷавобгўй будан барои истифодаи онҳо иҷозат диҳанд.








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






