Акрамзода Ю: “Дар Тоҷикистон истифодаи комбайнҳои ғалладарави дараҷаи 5-ум мувофиқ аст”

Февраль 25, 2016 15:39

Душанбе. 25.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Маълум аст, ки ҳоло тамоми кишоварзону деҳқонони мамлакат дар тараддуди кишту кори баҳорӣ қарор доранд. Барои фаҳмидани омодагии техникаи кишоварзӣ ба мавсими кишту кор тасмим гирифтем бо роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» Акрамзода Юсуф Акрам, ки корхонаи мазкур хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, корхонаю ташкилоти соҳаи кишоварзии мамалакатро бо техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ таъмин мекунад, суҳбат намоем.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Акрамзода Юсуф, дар бораи мақсад, вазифа ва самтҳои фаъолияти корхона каме маълумот медодед.

Акрамзода Юсуф: Мақсади асосии корхона мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, корхонаю ташкилоти соҳаи кишоварзии ҳама гуна шакли моликият ва шахсони воқеӣ бо техникаи кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, инчунин ташкил намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ, кору хизматрасонии техникӣ ва дар асоси тиҷорат ба даст овардани фоида мебошад.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  чанд маркази хизматрасонии техникӣ таъсис додаед?

Акрамзода Юсуф: Корхона аз рӯзи таъсис дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 44 маркази хизматрасонии техникӣ дорад, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон-18, Суғд-8, Бадахшон-8 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-10 то таъсис дода шуд, ки онҳо ба хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва бахшҳои хусусӣ кумакҳои техникӣ мерасонанд. Дар таъсис додани ин марказҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Бо Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марказҳо  130 трактор, 130 таҷҳизот ба маблағи 10,9 млн сомонӣ ба таври бебозгашт дода шуд. Дар ин марказҳо тамоми навъҳои техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 26,9 млн сомонӣ мавҷуд аст, ки онҳо то имрӯз ба маблағи 7 млн. сомонӣ аз шудгори замин то ҳосилғундорӣ тамоми хизматрасониҳоро анҷом додаанд.

АМИТ «Ховар»: КВДҶ «Тоҷикагролизинг» бо кадом корхонаҳои ватанӣ ҳамкорӣ дорад?

Акрамзода Юсуф: Мо ҳамкориро бо корхонаҳои ватанӣ, ки таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро истеҳсол менамоянд, пайваста ривоҷ медиҳем.

Барои ташкил ва мукаммал намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз маблағҳои гардишӣ бо КВД «Коргоҳи мошинсозӣ», ҶСШК «Авторем», ҶМСП «ТоҷИрон», ҶСШП «Новселмаш»,  ҶСК «Сомон-Кӯлоб таҷҳизот» истеҳсоли таҷҳизоти мавриди зарурии соҳаи кишоварзиро фармоиш дода, дастраси хоҷагиҳои деҳқонӣ мегардонем.

“Тоҷикагролизинг” барои интиқоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ҳамкориро бо диллерҳои заводҳои истеҳсолкунандаи КВД “Мадад”, ҶСК “Мадади Турсунзода”, ҶСШП “Агротехсервис”, ҶМСП “ТоҷИрон”, ҶДММ “Кишоварзи Фани Мозандарон”-и Эрон ва ширкати “Автомашрадиатор”-и Қирғизистон, ОАО «Росэксимбанк» ва КОМПОЗИТ ГРУПП-и Русия ба роҳ монда, техника ва таҷҳизотро сари вақт ба ҷумҳурӣ ворид менамояд.

АМИТ «Ховар»: Шумо техника ва таҷҳизоти кишоварзиро аз кадом кишварҳо ворид мекунед?

Акрамзода Юсуф: Корхона асосан техника ва таҷҳизотро аз Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Русия, Эрон, Чин ва Туркия дар асоси талаботу дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҷумҳурӣ ворид менамояд.

Корхона дар давраи фаъолияти худ бо таҳвилкунандагон барои ворид намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ зиёда аз 200 шартнома ба имзо расонидааст. То ин дам 848 трактори универсалӣ, 43 комбайни ғалладарав, 1467 таҷҳизоти гуногуни кишоварзӣ ба маблағи умумии 115,6 млн. сомонӣ ворид кардааст.

АМИТ «Ховар»: Талабот ба кадом намуди техника ва таҷҳизот дар ҷумҳурӣ зиёд аст ва соли 2016 ворид намудани кадом намуди техникаи муосирро ба Тоҷикистон дар назар доред?

Акрамзода Юсуф: Имрўз талабот ба техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ хеле зиёд аст. Дар шароити рўз 731,3 млн. доллари амрикоӣ ё 4,6 млрд. сомонӣ зарур аст, ки талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техника ва таҷҳизот пурра таъмин шаванд. Роҳбарият дар назди худ мақсад гузоштааст, ки бо фароҳам омадани имконияти молиявӣ, аз ҳисоби гардиши дохилӣ, ҷудо гардидани маблағҳои грантӣ ва дигар барномаҳои дастгирии соҳаи кишоварзӣ  барои қонеъ гардонидани бахши хусусӣ ва кооперативӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникии навро таъсис диҳад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ наздики 565 комбайни ғалладарави дараҷаи 5-ум истеҳсоли  Русия, Беларус ва Украина ба ҷамъоварии зироати ғалладонагӣ машғул мебошанд. Барои дар муҳлатҳои агротехникӣ анҷом додани ҷамъоварии зироати ғалладонагӣ тибқи меъёри талабот беш аз 1300 комбайни ғалладарав зарур мебошад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки асосан бо назардошти шароити табиии иқлимӣ, релефи заминҳои кишти ғалла дар Тоҷикистон аз комбайнҳои ғалладарави дараҷаи 5-ум, ки иқтидори муҳаррикашон аз 100 то 180 қувваи асп ва паҳнии досашон то 4 метр аст, истифода мешавад. Комбайнҳои мазкур дар заминҳои нишебу кӯталҳо озод ҳаракат карда, масрафи сӯзишвориашон кам буда, ғалларо хеле кам талаф менамоянд.

«Тоҷикагролизинг» зиёда аз 30 комбайни ғалладарави навъҳои «Енисей-1200», СК-5 «Нива», «Палессе» ва «Дилон Дир»-и истеҳсоли Русия, Беларус ва Эронро харид намуда, аз тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҷудо намуд. Комбайнҳои мазкур худро мусбат нишон дода, деҳқонон ин техникаҳоро хеле хуб медонанд, инчунин қисмҳои эҳтиётии онҳоро метавон аз бозорҳои ҷумҳурӣ ба осонӣ дастрас намоянд.

Корхона мушаххасоти техникӣ, нарх, эътимоднокӣ, таъмирталабӣ ва доимӣ будани комбайнҳоро ба таври муқоисавӣ таҳлил намуда, зарур мешуморад, ки минбаъд комбайнҳои «Палессе» ва СК-5 «Нива» истеҳсоли Беларус, Русия ва Эрон харидорӣ шаванд, зеро истеҳсоли комбайни «Енисей-1200»  дар Русия қатъ гардида, комбайнҳои истеҳсоли Эрон дар шароити иқлими Тоҷикистон ҳамагӣ 2-3 сол кор карда, эътимоднокӣ ва истифодаи доимии онҳо зери шубҳа қарор дорад.

Дар мавриди комбайнҳои ғалладарави истеҳсоли Украина бояд гуфт, ки онҳо навъи дараҷаи 8-ум буда, досҳояшон паҳну ба  шароит ва иқлими заминҳои Тоҷикистон номусоид мебошанд.

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки талабот дар ҷумҳурӣ бештар ба техника ва таҷҳизоти шудгоркунанда, аз ҷумла тамоми навъи тракторҳои МТЗ, комбайни истеҳсоли Русия ва Эрон вақтҳои охир ба техникаҳои навъи ЮТО-и Чин ва тракторҳои тасмачарх хеле зиёд аст. Корхона ният дорад, ки дар соли 2016 ворид намудани техника ва таҷҳизоти мазкурро  ба роҳ монад.

АМИТ «Ховар»: Корхона барои таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ дар тамоми самтҳо, аз ҷумла гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва кумакҳо бо кадом ташкилоту созмонҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст?

Акрамзода Юсуф: Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва зиёд намудани воридоти техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ роҳбарияти корхона бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ ба Фонди Кувейт бобати рушди муносибатҳои лизингӣ, таъсиси марказҳои хизматрасонии техникии нав ва мукаммал намудани марказҳои мавҷуда лоиҳа ба маблағи 23 млн. доллари амрикоӣ пешниҳод намуд, ки хушбахтона, лоиҳаи пешниҳодшуда дастгирӣ ёфт. Инчунин роҳбарияти корхона бо намояндагони GIZ AFC Consultatis internationale-и Олмон Барномаи «Шартҳои муайяни маблағгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чандин маротиба бобати ҷудо намудани маблағҳои грантӣ вохӯриҳо анҷом додаанд. Намояндагон ваъда доданд, ки соли 2016 барои харидории таҷҳизоти кишоварзӣ барои мукаммал намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ маблағ ҷудо менамоянд. Дар ин радиф кор бо  намояндагии Агентии ҳамкории байналмиллалии Ҷопон (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани грант идома ёфта, дар ин замина барои соли 2016 лоиҳа омода карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ вохӯриҳо  бо намояндагони ширкатҳои Русия гузаронида шуда, Созишномаи тарафайн барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок бобати таъмин намудани кишоварзони ҷумҳурӣ бо техника ва таҷҳизоти муосири кишоварзии истеҳсоли Русия бо роҳбарияти Бонки содиротии “Росэксимбонк” ва “Композит групп”-и Русия  ва намояндагии ТОО “Агролис”-и Олмон дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

 АМИТ «Ховар»: Омӯзиши техникаи кишоварзӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

Акрамзода Юсуф: «Тоҷикагролизинг» аз давраи таъсис то имрӯз 1116 техникаи гуногунтамға ба маблағи 117,6 млн. сомонӣ, 1641 адад таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 21,0 млн. сомонӣ, маҷмӯан ба маблағи 138,6 сомонӣ харид намудааст.

Ба 1030 хоҷагии деҳқонии кишвар 1014 техника ва 820 адад таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 113 млн. сомонӣ аз тариқи иҷораи молиявӣ дода шудааст. Соли 2015-ум 390 техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ ба маблағи 20,9 млн. сомонӣ харид шудааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 167 техникаю таҷҳизот ва 5,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Омӯзиши техникаи кишоварзиро дар асоси талаботи деҳқонон муайян менамоем. Мо дар марказҳои хизматрасонии техникии шаҳру ноҳияҳо дафтари дархостҳои деҳқононро ба роҳ мондаем ва он чӣ, ки деҳқонон дархост менамоянд, мувофиқи дархосташон ворид менамоем.

АМИТ «Ховар»: Тартиби додани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба иҷораи молиявӣ (лизингӣ) чӣ гуна аст?

Акрамзода Юсуф: Корхона барои осон гардонидани дастрасии кишоварзон бо техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба тариқи иҷораи молиявӣ тадбирҳои зарурӣ андешид. Қабули ҳуҷҷатҳо оид ба дастрасии техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ аз тариқи иҷораи молиявӣ дар намояндагиҳои вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеъ ба роҳ монда шудааст. Муҳлати иҷораи молиявиро вобаста ба  арзиши маводи лизингӣ аз 3 то 5 сол тамдид намудааст. Шумораи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқию меъёрӣ аз тарафи лизинггирандагон ва дар муҳлати кутоҳтарин дастрас намудани предмети иҷораи молиявиро  кам намудааст. Техника ва таҷҳизоти кишоварзиро аз тариқи иҷораи молиявӣ бе пешниҳоди тавсиянома, замонатнома ва кафолат (гарав) ҷудо намудааст.

 

Суҳбаторо Мавҷуда Анварӣ

Февраль 25, 2016 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд