Баррасии таъминот бо оби нӯшокӣ ва беҳдошт дар Душанбе
Душанбе, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Душанбе нишасти матбуотии Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон (ИИТ) дар якҷоягӣ бо Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) баргузор гардид. Директори иҷроияи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон Илҳом Абидов дар мавзӯи «Шарҳи ҳолати таъминоти оби нӯшокӣ ва таҷрибаи ИИТ дар пешбарии механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва идоракунии муносиб дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт маърӯза карда, аз ҷумла гуфт, ки яке аз усулҳои самараноки таъминот бо оби нӯшокӣ- ин фаъолияти шӯроҳои машваратии ҷамъиятӣ мебошад, ки дар назди таъминкунандагони оби нӯшокӣ таъсис шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки нишаст дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ ва намояндагии Оксфами Британияи Кабир дар Тоҷикистон бо дастгирии Пажӯҳишгоҳи байналхалқӣ оид ба оби Стокголм, Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳамкории ҷаҳонӣ оид ба ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ доир шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд






